Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

бурё дар хонаи касе чизе намонда буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Бо расидан ба доманаи кӯҳи Сарсарак торикӣ рӯи оламро фаро гирифта буд, бо вуҷуди ин аскарони сурх азми худро нашикаста, ба болои кӯҳ баромадан гирифтанд; баъд аз якчанд қадам боло рафтанашон аз рӯ ба рӯяшон панҷ милтиқ якбора холӣ шуд ва аз паси он садои милтиқ пайдарҳам баромадан гирифт (С. Айнӣ, Куллиёт).

Муносибати замонӣ ва ҷудоӣ: Онҳо аз ҷой хестанд, касе ба пеш гузашт, мо онҳоро дастгир мекунем, ё онҳо худро ба об мепартоянд (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).

Муносибати замонӣ ва сабабу натиҷа: Хушбахтона, он сол ҳаво ҳам ба Бозор ёрӣ дод, дар вақтҳои муносиб боришҳои хуб шуд, дар вақташ офтоб заминро тафсонд; дар натиҷа ҳосил аз чашмдошти Бозор ва бой барзиёд омад (С. Айнӣ, Куллиёт). Бод бо ғурриши тамоми ба чапу рост мевазид, абр бо камоли тундӣ аз ҷануб ба шимол медавид, борони барфомехта ба чашм кушодан намонда меборид, селоби шӯшадор аз роҳҳои ҷӯйҳо мешорид; дарахтҳо аз бех бармеканд; деворҳо аз пой меафтод; сангҳои кӯҳ аз ҷой меҷаст, бомҳои хонаҳо ба замин менишаст (С. Айнӣ, Куллиёт).

Муносибати хилофӣ ва ҷудоӣ: Китобҳои кӯҳна ҳастанд, лекин онҳо ё дастраси мо набуданд, ё ки мо ҳоло онҳоро хонда наметавонистем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Наҳли аспони мо нав, аспи шумо бенаъл аст, ё ин ки наҳлаши кӯҳна (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳалимча пештара барин ҳар заҳр нӯшида меомад, фақат дар хунукӣ ӯро майли доду фарёд пайдо намешудааст, ё ки мардум аз паси дарҳои даричаҳои пӯшида овозашро намешуниданд (Р. Амонов, Навбаҳори чашмасор).

Муносибати хилофӣ ва сабабу натиҷа: Гандуми ман сермағз ва курҷ буд, гандуми шумо сусти пуч будааст; бинобар ин бисёр санг намебардорад (С. Айнӣ, Куллиёт). Раис паи ташкили ҷой рафта буд, вале дер боз аз вай дарак набуд, бинобар ин аксарият таклифи Диловарро тарафдорӣ карданду амаки Ҷамолбек барои тараддуди ҷой ба қишлоқ рафт (Ю. Акобиров, Замини падарон). Муҳлати ҷамъоварии андоз хеле кӯтоҳ буд, баъзе амлокдорон ба ин амр расидагӣ карданд ва баъзе натавонистанд (С. Улуғзода, Восеъ).

Муносибати сабабу натиҷа ва ҷудоӣ: Ду сол боз ягон одам саломат аз ҷанг баргашта наомадааст, ё хабари маргаш меояд, ё аз дасту по ҷудо шуда меояд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Миқдори ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои сертаркиб ҳар қадар зиёд шавад, муносибатҳои онҳо ҳамон қадар меафзояд. Чунончи, дар ҷумлаҳои зерин муносибати шумур, замонӣ ва хилофӣ; сабабу натиҷа, замонӣ ва хилоф; шумур, замонӣ, хилоф ва сабабу натиҷа мушоҳида мешавад:

Дар ин миён якбора дар ҷояш қад рост кард, чашмонаш
калон кушода шуданд, аммо бенур буданд, ба ҳар тараф чашм

пешина
аз 312
навбатӣ