Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан
  1. Ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб ба якдигар дар муносибати сабабу натиҷа мебошанд:
    Борони дирӯза маро ба ташвиш андохт, имшаб хобам набурд ва дар ҳақиқат ҳам пахтаҳо тар, замин лой, пахтачинҳо дар хоб мондаанд... (Ҷ. Икромӣ, Зоғҳои бадмур). Тобистон шуд, роҳи пурбарфи миёнаи Ҳисор ва Самарқанд кушода гардид, вақти сафари Самарқанд даррасид (С. Айнӣ, Куллиёт).

Муносибатҳои омехтаи ҷумлаҳои содда. Азбаски дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб се ва зиёда ҷумлаҳои содда меоянд, дар байни онҳо муносибатҳои гуногунро низ дидан мумкин аст.

Муносибати шумору замонӣ дар як таркиби синтаксисӣ омехта ифода мешавад: Соати дуи рӯз буд, акаам дар мадрасаи деҳа буд, ӯро аз он ҷо кашолакунон бароварданд ва ба як дарахт бастанд ва тирборон карда куштанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар рӯи ҳавлӣ — дар байни ду ошхона як деги калони мис шинондагӣ буда, ошпаз аз он дег ба табақҳои сафолии бисёр оши палав кашида медод ва ҷавонон он табақҳоро бурда ба пеши меҳмонони мардина мегузоштанд ва табақҳои холишударо оварда ба ошпаз медоданд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Муносибати шумору хилофӣ. Дар ин ҷумлаҳои сертаркиб ҷумлаҳои соддаи аввал хусусияти шумур доранд, ҷумлаи соддаи охирин хилофи ҳамаи онҳо мебошад. Дар баъзе ҷумлаҳои сертаркиб ҷумлаи соддаи охирин ба ҷумлаи соддаи пеш аз худ дар муносибати хилофӣ мебошад. Ҷумлаҳои содда инчунин ба ду гурӯҳи хилофӣ ҳам тақсим мешаванд:

Дар пеши раҳат об буду санг буду кӯҳ,
Аммо ту буридию шикастию паридӣ.

(М. Турсунзода)

Муносибати шумур ва сабабу натиҷа: Фасли тобистон, ҳаво бисёр гарм буд, шабона дар даруни ҳуҷра нафасамон аз гармӣ гаштан гирифт (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳаволинг акнун дар ақибгоҳи шӯришгарон мондааст, қалъачаи амлокдори он ҷо посбонони қазоӣ ҳам надорад, Нозим метавонад онҳоро ба осонӣ шикаст диҳад (С. Улуғзода, Восеъ).

Қалам — чӯби сиёҳӣ — обу қоғаз — хоку мистар — хас, Ба ин асбоби нолоиқ чӣ гуна хат нависад кас?

(С. Айнӣ)

Муносибати замонӣ ва хилофӣ: Аскарони сурх ба сари манзили худ баргаштанд, мардум ҳам ин гуна муомилаи дӯстонаи аскарони сурхро шунида ба шаҳр бозомаданд, лекин то баргашта омадани мардум шаҳр аз тарафи тороҷгарони бодиягард ва амалдорони гурезаи амир тамоман ғорат шуда, то парчаи

пешина
аз 312
навбатӣ