Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

а) ҳар як ҷумлаи содда бо ҷумлаи соддаи пеш аз худ муносибати хилофӣ дорад:
— Ман ба чилу панҷ даромадам,— гуфт Рӯзӣ,— аммо маро умр пир накардааст, балки меҳнати сиёҳе риши маро сафед кардааст (С. Айнӣ, Куллиёт); б) яке аз ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб бо ҳамаи ҷумлаҳои соддаи дигар дар муносибати хилофӣ мебошад:
Дар болои кати чӯбин палос паҳн карда, кӯрпачаҳо густурда буданд, аммо касе набуд, садое намебаромад (А. Шукӯҳӣ, Садаф ва Гавҳар). Хадиҷа дар дасти Хӯҷаназар мисли як кинизаки зархарид кор мекард, бо вуҷуди ин танаш як либоси дурустро намедид, гӯшаш аз дашном ором намегирифт ва баданаш аз шаллоқ халосӣ надошт (С. Айнӣ, Куллиёт); в) ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб ба ду ва ё зиёда бандҳои синтаксисӣ тақсим мешаванд, ки ҳар кадом банд ду ва ё зиёда ҷумлаҳои соддаро дар бар мегирад. Муносибати ҷумлаҳои соддаи таркиби бандҳо гуногун бошад ҳам, муносибати бандҳо хилофӣ шуда метавонад.
Дар ин гуна мавридҳо ду ва ё зиёда ҷумлаҳои содда ба ду ва ё зиёда ҷумлаҳои соддаи дигар муносибати якхелаи хилофӣ пайдо мекунанд:
— Не,— гуфт он даридаҷома,— ҳиндуҳо сиёҳчеҳра ва чашму абрӯҳошон сиёҳ мешавад, рӯи инҳо бошад, тунуки малламӯй, чашмонашон кабудча аст.... (С. Айнӣ, Куллиёт); г) ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаи мураккаби пайвасти сертаркиб ҷуфт-ҷуфт дар шакли хилоф меоянд. Чунончи, дар ҷумлаи зерин, ки аз шаш ҷумлаи содда иборат мебошад, ҷумлаҳои аз рӯи шумори ҷуфт (2, 4, 6) хилофи ҷумлаҳои аз рӯи шумор ток (1, 3, 5) буда, се ҷуфт ҷумлаи мураккаби пайвасти хилофиро ташкил медиҳанд, ки ҳар кадом дар навбати худ ҷузъҳои асосии ҷумлаи сертаркиби пайваст ба шумор мераванд, ки байни худ муносибати шумори доранд:
Ман арақи ҷабин мерезам, донаҳои гандуми тиллоранг насиби ин одам мешавад; ман меҳнати сиёҳ мекунам, гӯзаҳои сафеди пахтаро ин кас ба анбори худ меандозад; ба сабаби бисёр кор кардан илиқҳои ман хушк мешавад, загиру кунҷит ба ҷувози ин одам даромада равған мегардад (С. Айнӣ, Куллиёт).
6. Ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб ба якдигар муносибати ҷудоӣ доранд. Ин қолиб камистеъмол аст. Тафовути ин ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб аз дигар навъҳои он дар ин аст, ки онҳо бе пайвандак намеоянд, нишондиҳандаи асосии муносибати ҷумлаҳои соддаи таркиби ин гуна ҷумлаҳои сертаркиб пайвандаки ҷудоӣ мебошад:
Шояд ӯ аз роҳи дур омада бошад, ё дилаш аз парвоз беҳузур гашт, ё сараш дард мекунад (Т. Нурмуҳаммад, Тасодуф).

пешина
аз 312
навбатӣ