Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
нутқ, таъкиди матлаб ихтисор намешаванд, такрор ба такрор оварда мешаванд:
— Нон набуд, барои нон пухтан орд ҳам набуд, барои орд кардан гандум ва ҷав ҳам набуд ва барои харидани инҳо пул ҳам набуд (С. Айнӣ, Қуллиёт).
Феъли ёридиҳандаи хабарҳои ҷумлаҳои содда якхела бошад, аксар вақт такрор намешавад, вай бо ҷумлаи соддаи охирин меояд:
Абр сиёҳ, офтоб пинҳон, рӯз торик, ҳаво вайрон, замин лағжонак ва осмон резандаи борону барф буд (С. Айнӣ, Қуллиёт). Ӯ як одами логарбадани миёнақад, сабзиначеҳра, римаш миёна ва сафед ва абруҳояш монанди абруҳои амакбобои ман ғафс ва дарозмӯ буд (С. Айнӣ, Қуллиёт). Пиёлаҳо холӣ, сарҳо тапсон, забонҳо гардон ва гӯшти табақ рахна мешуд (Ӯ. Кӯҳзод, Кини Ҳумор).
Бо ниятҳои услубӣ, ҳангоми риояи нутқ ва таъкиди матлаб такрор омадани феълҳои якхелай ёридиҳанда мумкин аст:
— Тамоми молу мулки падарам мусодира шуд; худаш бо модарам ва бародарам бадарға гардид; ҳавлиҳомо мактаб шуд, дар хонаҳои қабзафурӯмони гаҷкориамон печҳои сиёҳ шинонда шуд (С. Айнӣ, Қуллиёт).
- Ҷумлаи соддаи якуми таркиби ҷумлаи мураккаби пайвасти сертаркиб хусусияти ҷамъбастӣ ва хулосавӣ дошта, ҷумлаҳои соддаи дигар онро як навъ шарҳу эзоҳ медиҳанд:
— Як вақт, — гуфт ӯ, — ман бо Сиярқул-акем рафта заводи пахтаро тамошо карда будам, дар он ҷо ҳама кор бо машина карда мешавад, коргарон танҳо аз он мошинҳо хабардорӣ мекунанд, пахта ва ғӯзаро ба даҳони ҷин машина медиҳанд, кокула ва пунбадонаро машина мекашонад, пахтаро машина тоза мекунад, пахтаи тозашударо ба прессхона машина мебарад, тойро машина мебандад ва ҳоказо... (С. Айнӣ, Кӯллиёт). Суратҳо манзараҳои гуногуни зиндагиро акс мекунанд: дар саҳрои васеъ колхозчиён — зану мард пахта мечинанд, дар роҳ корвон равон аст, ба уштурҳо қанорҳои пахта бор кардаанд ва дар муқобил бачагон дастгоҳҳои заводро тамошо мекунанд, пионерон ба муносибати иди Октябр синфҳо ва бинои калону баланди мактаби худро бо шуору байрақчаҳо оро медиҳанд (Р. Амонов, Навбаҳори чашмасор). Аммо модари ӯғай ҳамаи корҳои сахт ва чиркини хонаро ба ман мефармуд: ман хона мерӯфтам, ман рӯи ҳавлӣ мерӯфтам ва ман ҳатто ҷоҳои ногуфтаниро... тоза мекардам (С. Айнӣ, Кӯллиёт).
- Ҷумлаҳои соддаи аввал хусусияти якхела дошта, ҷумлаи соддаи охирин онҳоро эзоҳ медиҳад:
Гапи бад нест, барои ту хеле хуб аст, хабари хурсандист, ман туро муборакбод кардани будам (С. Айнӣ, Кӯллиёт).
- Ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб ба ҳам дар муносибати хилофӣ мебошанд. Тарзи воқеъ гардидани ин муносибат гуногун аст:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо