Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Дар кӯчаҳои қишлоқ бачаҳо ба давутоз буданд, бузголачаҳо маъоззанон хез карда мегаштанд, мардум кайҳо ба кору бори зиндагӣ ва рӯзмарра сар карда, рафтуой мекарданд (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Дар ин ҷо бӯи зодгоҳи ӯ ба димоғ мерасид; дар ин ҷо насим аз Боғистони ӯ мевазад; дар ин ҷо ҳамон осмон, ҳамон хок ва ҳамон долу дарахт, ҳамон обу рӯдхонаҳои Боғистон ҷорист (Ҷ. Икромӣ, Зоғҳои бадмӯр). Бандҳои дастони латифи ӯ ҳанӯз дар дастонам буданд, дастони ман меларзиданд ва дастони нарм ва нозуки ӯ ҳам аз дастони ман камтар намеларзиданд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Муносибати пайҳамзамонӣ. Дар ин гуна ҷумлаҳои мураккаб ҳодисаву воқеаҳои дар ҷумлаи содда баёншуда паси ҳам воқеъ мегарданд, бинобар ин ҷои ҷумлаҳои содда дар ин маврид устувор аст:
Дар зери чапакзаниҳои бисёр Дохунда, Гулнор, Бобо Собир ва Фотимабегим ба саҳна баромаданд ва пас аз 15 дақиқа тайёрӣ парда бардошта шуд; садои қарсаки дуру дароз дару девори клубро дар ларза овард; Дохунда бо дасти худ ишорат карда қарсакро базӯр хобонид ва чоркаса ба таронахонӣ даромаданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Бо одати муқаррарӣ, як рӯз пагоҳонӣ нахӯдшӯрбо овардам, хӯрдам ва баъд аз хӯрдани вай ба ман як гаронӣ рӯй дод (С. Айнӣ, Куллиёт). Он ҷавону духтар маро ҳамроҳ гирифта буданд, баъд ҷавон аз ҷӯй гузашта даст боло кард, як мошин омада истод (С. Улуғзода, Навобод).
Тарзи ифода ва истифодаи хабари ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб як хел нест. Дар баъзе мавридҳо, махсусан ҳангоми бо ҳиссачаҳо омадан хабари якхелаи ҷумлаҳои содда такрор намешавад, танҳо хабари яке аз ҷумлаҳои содда меояд:
Лекин бо иғвои ин бойҳои шумнафас дар деҳа на мург монд, на модагов ва на коҷдон (С. Айнӣ, Куллиёт). Ба ҳамин тариқа мо босмачиёнро тамоман маҳв мекунем, шумо ҳам халос мешавед аз онҳо, тамоми мамлакат ҳам (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар зери чӯпонҳо ба ҷои бистар ҷулҳои шӯтур, дар зери сарашон ба ҷои болишт тӯқумҳои хар, ба болоҳояшон ба ҷои кӯрпа корҷомаҳои худашон буд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Агар ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаи мураккаби пайвасти сертаркиб ба тариқи ҷуфт омада, ҳар ҷуфт банди алоҳидаро ташкил дода, бо оҳанги махсус ва тарзи мавзун воқеъ шуда бошад, хабари якхелаи яке аз ҷумлаҳои соддаҷуфтҳо ихтисор мешавад. Ин ҳолат бештар ҳангоми бо ҳиссачаи такрори на... на омадани ҷумлаҳои содда ба вуқӯъ меояд:
Дар он наздиқиҳо на деҳа буд, на девор, на дарахт буд, на киштзор (С. Айнӣ, Куллиёт).
Хабарҳои якхелаи ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаи мураккаби пайвасти сертаркиб бо ниятҳои услубӣ, ҳангоми риояи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо