Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ҶУМЛАҲОИ МУРАККАБИ ПАЙВАСТИ СЕРТАРКИБ
Дар забони адабии тоҷик ҷумлаҳои мураккаби пайвасте ҳастанд, ки се ва зиёда ҷумлаҳои соддаи баробарҳуқуқро дар бар мегиранд. Ин гуна ҷумлаҳои мураккаб аз ҷумлаҳои мураккабе, ки аз ду ҷумлаи содда ташкил ёфтаанд, бо як қатор хусусиятҳояшон фарқ мекунанд. Ин ҳолат дар тарзи ҷой гирифтани ҷумлаҳои содда дар таркиби ҷумлаҳои мураккаб, воситаҳои алоқа ва муносибати рангоранги ҷумлаҳои содда ба назар мерасад.
Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб мувофиқи муносибати ҷумлаҳои соддаи таркибашон гуногун мешаванд.
- Ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаб хусусияти шумур, номбаркунӣ доранд. Дар ин гуна ҷумлаҳои мураккаб ба воситаи ҷумлаҳои содда ҳодисаю воқеаҳо як навъ шумурда мешавад. Ин қабил ҷумлаҳои сертаркиб бештар ҳангоми тасвири табиат, манзара, портрет, ҷои воқеъ гардидани ҳодисаю воқеаҳои асари бадеӣ истифода мешаванд:
Дар он ҷо на об буд, на алаф, на деҳ буд, на дарахт (С. Айнӣ, Қуллиёт). Қадаш паст, баданаш ва рӯяш борик буда, чашмони кӯтоҳмиҷгони бенур дошт (С. Айнӣ, Қуллиёт). Дар миёнаи инҳо узбак ҳам ҳаст, тоҷик ҳам ҳаст, араб ҳам ҳаст, ғулом ҳам ҳаст (С. Айнӣ, Қуллиёт).
Дар ин гурӯҳи ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб инчунин нияту орзу ба тарзи чида воқеъ мегардад:
— Илоҳӣ, теғи ҳукуматҳо бурро шавад, сафарашон бехатар шавад, ҳазрати шери Худо ва Баҳоваддини балогардон камарашонро банданд (С. Айнӣ, Куллиёт).— Илоҳо, ҳамаи шумоён дар даврони ин ҳукумати камбағалпарвари ятимпарвар зиндаю беғам бошетон, — гуфт ӯ дастони пуроҷинги худро ба пеш баровардаву қафҳояшро табақча карда, — коратон пешрав шавад, рӯзи камиро набинед, асло саратон дард накунад, илоҳо, ин ҳукуматро душманҳояш зери по шавад, дӯстҳояш зиёд шавад, обрӯяш рӯи олам гирад, илоҳо омин, — гӯён пиразани ҷуссадори тезнигоҳ даст ба рӯ кашид (Р. Амонов, Навбаҳори чашмасор).
- Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти сертаркиб, ки ҷумлаҳои соддаи таркиби онҳо ба ҳам дар муносибати замонӣ мебошанд. Муносибати замонии ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайваст ба сохти умумии ҷумлаи сертаркиб, ба тарзи ифодаи хабарҳои ҷумлаҳо, ба шаклҳои феълии хабарҳои ҷумлаҳои содда вобаста мешавад. Азбаски ин масъалаҳо дар боби «Ҷумлаҳои мураккаби пайваст» муфассал таҳлил шудаанд, дар ин мавриди таҳлил қарор намегиранд.
Муносибати ҳамзамонӣ. Дар ин гуна ҷумлаҳои мураккаб ҳодисаву воқеаҳои дар ҷумлаҳои содда рӯйдода дар як вақт воқеъ шудаанд ва ба якдигар муносибати якхела доранд, бинобар ин ҷойҳои онҳоро баъзан иваз кардан мумкин аст:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо