Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
БА ИБОРАИ МАСДАРӢ ТАБДИЛ ДОДАНИ
ҶУМЛАИ ПАЙРАВ
Баъзе ҷумлаҳои пайрав мувофиқи вазифа ва аҳамияти худ ба ибораҳои масдарӣ наздиканд, бинобар ин онҳо ба ибораи масдарӣ табдил шуда метавонанд.
Дар вақти ба ибораи масдарӣ табдил додани ҷумлаҳои пайрав: а) пайвандак намеояд, б) хабари ҷумлаи пайрав ба шакли масдар меояд, в) агар дар ҷумлаҳои пайрави мақсад, сабаб, пешояндҳои барои, бо мақсади набошанд, дар вақти ба ибораи масдарӣ табдил додан ин пешояндҳо оварда мешаванд.
Масалан:
-
Ӯ маро Ҳамид-Саша меномид, то зеҳни ман ҳам нахоҳад (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
-
Аз мӯйсафед ҷавоб нашуд, чунки ӯ маънии ҳазъёнро намефаҳмид (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
-
Ӯ барои накоҳидани зеҳни ман маро Ҳамид-Саша меномид.
-
Аз мӯйсафед барои маънии ҳазъёнро нафаҳмиданаш ҷавоб нашуд:
Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ
бо пайвандакҳо:
Ҷумлаҳои пайрави ба ибораҳо
табдил додашуда:
-
Ҷумлаи пайрави пуркунанда:
Талабагон диданд, ки ниҳолҳо сабз шуда истоданд (журн. «Занони Тоҷикистон»). -
Ҷумлаи пайрави тарзи
амал:
Падарам, дар ҳолате ки аз
дидори дӯсташ шод буд, ба
модарам гуфт (С. Айний, Ёддоштҳо).
- Ҷумлаи пайрави хабар:
Ягона саховати вай ин буд,
ки ба дардичашмшудагон бепул дору медод (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Талабагон сабз шуда истодани ниҳолҳоро диданд.
Падарам дар ҳолати аз дидори дӯсташ шод будан ба модарам гуфт.
Ягона саховати вай ба дардичашмшудагон бепул дору додан буд.
ҶУМЛАҲОИ МУРАККАБИ СЕРТАРКИБ
Ҷумлаҳои мураккабе, ки аз се ва зиёда ҷумлаҳои содда ташкил ёфтаанд, сертаркиб ном доранд. Ҷумлаҳои мураккаби сертаркиб ба се гурӯҳ тақсим мешаванд: пайваст, тобеъ ва омехта.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо