Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

бахшида, сип-сиёҳ карда фиристода буд, ки сӯзан заданӣ ҷои сафед надошт (Р. Ҷалил, Шикасти тилисмот).

Дар ин ҷумлаи мураккаби тобеъ ҷумлаи Вай сездаҳ дафтари садварақаро «ба қайдҳои ҷудогона бахшида», сип-сиёҳ карда буд сарҷумла буда, ҷумлаи сӯзан заданӣ ҷои сафед надошт пайрави натиҷа мебошад, ки ба сарҷумла ба воситаи пайвандаки ки тобеъ шудааст. Мисоли дигар:

Бар хилофи ҳуҷраҳои дигар мадрасаҳои Бухоро ҳуҷраҳои ин мадраса ҷои дастурӯшӯӣ надошт, ки дар бом ё дар рӯи ҳавлӣ шустушӯ кардан лозим меомад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ҷумлаи пайрави натиҷа дар таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъ омада, ба сарҷумла бо интонация тобеъ мешавад: «Қа-риндошқалам»-и оддӣ хати нозеби маро нозебтар мекард: ҳарфҳо бенур ва бесалика мебаромаданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонон). Шодӣ хеле тафсида рафт: аз зери мӯйҳои сараш арақ шорида, ба тахтапушташ медавид (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

ҶОИ ҶУМЛАҲОИ ПАЙРАВИ НАТИҶА

Ҷумлаҳои пайрави натиҷа пас аз сарҷумлаҳо меоянд: Аммо ӯ дар роҳ рафтан ҳар кадом аъзои баданашро ҷудогона-ҷудогона чунбонда қадам мепартофт, ки дар вақти рафтанаш ӯро маст гумон кардан мумкин аст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

БА ИБОРАИ СИФАТИ ФЕЪЛӢ ТАБДИЛ ДОДАНИ ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ МУАЙЯНКУНАНДА

Ибораҳои сифати феълӣ ба ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда наздиканд, бинобар ин ҷумлаи пайрави муайянкунандаро ба ибораи сифати феълӣ табдил додан мумкин аст.

Барои ба ибораи сифати феълӣ табдил додани ҷумлаи пайрави муайянкунанда: 1. Пайвандаки ки партофта мешавад. Пеш аз пайвандак пасоянди -ро ва аломати е омада бошанд, онҳо ҳам партофта мешаванд ва ҷои онҳоро бандаки изофӣ (-и) гирифта пасоянди -ро ба охири сифати феълӣ мегузарад. 2. Феъли ҷумлаи пайрав ба сифати феълӣ бармегардад:

  1. Ҷавононе, ки милтиқҳошонро ба даст гирифта бу-данд, часта хеста аз хона баромада, давон-давон ба кӯча рафтанд (С. Айнӣ, Ғуломон).

  2. Таклифе, ки раис ба миён гузошт, ҳама қабул карданд.

  3. Китобҳоеро, ки аз китобхона гирифта будам, супурдам.

  4. Ҷавонони милтиқҳошонро ба даст гирифтагӣ ҷаста хеста, аз хона баромада, давон-давон ба кӯча рафтанд.

• 2. Таклифи ба миён гузоштани раисро ҳама қабул карданд.

  1. Китобҳои аз китобхона гирифтаамро супурдам.
пешина
аз 312
навбатӣ