Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Бо вуҷуди он ки аз гӯшаки телефонро ба ҷояш мондани Содиқов чанд сония гузашта буд, Ҳабиба ҳанӯз дар даст трубка чизе мегуфт (Т. Усмон, Кашфи асрор).
Содиқ ҳарчанд ки аз ин паҳлу ба он паҳлу мегашт ва чашми худро мепӯшид, ҳеҷ хоб намекард (С. Айнӣ, Ғуломон).
Агарчи бештарини вакилони слёт бо сару либоси нимдошту обшуста омада буданд, вале ҷомаю курта, тоқию рӯмолҳои ранг ба ранги парчагули онон баҳри касро мекушоданд (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Агарчанде ки дар очеркнависӣ чандон маҳорат надошта бошам ҳам, ман ин хоҳишро бо хурсандӣ қабул кардам (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
Гарчанде кайҳо вақти рафтан шуда бошад ҳам, Азимҷон боз таги гапро фаҳмиданӣ шуда, бо чӣ баҳонаҳое дар атрофи экскаватор мечунбид (Т. Усмон, Кашфи асрор).
Дар ҳамин вақти сол деҳқонони деҳаи Сангсабз, ба ҷои он ки дар киштзор буда, ба кори ҳосилғундорӣ машғул бошанд, дар пеши ҳавлии Арбобрӯзӣ гирд омада буданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
Ҷумлаҳои пайрави хилоф ба сарҷумлаҳо ба воситаи интонация низ тобеъ мегарданд: Барф акнун бозистода бошад ҳам, сардии ҳаво шиддат карда буд (С. Айнӣ, Ғуломон). Даштҳо, дараҳо-роҳҳо, кӯчаҳо, бомҳо, теппаҳо — ҳама ҷо пур аз барф бошад ҳам, онҳо ҳавлии васеи Полвон-Арабро рӯфта, тоза карда буданд (С. Айнӣ, Ғуломон).
ҶОИ ҶУМЛАҲОИ ПАЙРАВИ ХИЛОФ
Ҷумлаҳои пайрави хилоф бо пайвандакҳои ба ҷои он ки, гарчанде ки, агарчанде ки, бо вуҷуди он ки, ҳарчанд ки дар аввал — пеш аз сарҷумлаҳо меоянд: Бо вуҷуди он ки имшаб ҳама бояд дар сари дастархони идӣ бошанд, касе намерафт (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Гарчанде ки ҷароҳаташ вазнин аст; ӯ хатари маргро надорад (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
Ҷумлаҳои пайрави хилоф баъзан бо пайвандакҳои ба ҷои он ки, гарчанде ки, ҳарчанд ки, бо вуҷуди он ки дар байни сарҷумла меоянд: Ӯ бо вуҷуди ин ки аз кор бевақт мегашт, ҳезум мекафонд, об меовард (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо). Шарофатхола, ҳарчанд ки аз танҳоии шабҳои дарози зимистон ба танг ояд ҳам, аз сандалӣ дил канда наметавонад (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ НАТИҶА
Ҷумлаи пайраве, ки натиҷаи кори ҳаракати сарҷумларо ифода менамояд, ҷумлаи пайрави натиҷа номида мешавад. Ҷумлаи пайрави натиҷа ба сарҷумла ба воситаи пайвандаки ки тобеъ мегардад.
Вай сездаҳ дафтари садварақаро «ба қайдҳои ҷудогона»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо