Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ишорат суханони якдигарро фаҳмида метавонистанд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Вай аз ин роҳаш бармегардад, ба шарте ки дигарон ёрӣ расонанд (Р. Ҷалил, Ҳикоя ва очеркҳо).
Пайвандаки агар дар назм дар шакли гар ва ё ар низ ба кор бурда мешавад:

Қуллаи тобон туӣ, гар назм бошад ҳамчу кӯҳ,
Ёфт аз шеъри ту назми халқҳои мо шукӯҳ.

(М. Турсунзода)

Ҷумлаи пайрави шарт дар таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъ омада, ба сарҷумла бе пайвандак, танҳо ба воситаи интонация низ тобеъ мегардад. Ин хел ҷумлаҳо бештар дар мақол, зарбулмасалҳои халқӣ ба кор бурда мешаванд: Кор кунӣ — нон мехӯрӣ (фолклор). Бародари ман бошӣ, баробари ман бош (фолклор).
Дар ҷумлаи якуми мисолҳои номбаршуда кор кунӣ ҷумлаи пайрави шарт ва нон мехӯрӣ сарҷумла мебошад. Дар ҷумлаи дуюм бародари ман бошӣ ҷумлаи пайрави шарт ва баробари ман бош сарҷумла мебошад.
Дар ҳар ду ҷумлаи мазкур мубтадо (ту) зикр наёфтааст.
Ин ҳолат хусусияти мақол ва зарбулмасалҳои халқӣ мебошад.

ҶОИ ҶУМЛАҲОИ ПАЙРАВИ ШАРТ

Ҷумлаҳои пайрави шарт бо пайвандаки агар, гар дар аввал, яъне пеш аз сарҷумлаҳо меоянд: Агар чашми Ёдгорро андешаи ояндаи сиёҳ торик накардагӣ мебуд, ӯ ин ҳолати Гулнорро дида аз аввал ҳам зиёдтар волару шайдои вай мегардид (С. Айнӣ, Дохунда).
Гоҳо ҷумлаҳои пайрави шарт дар мобайни сарҷумлаҳо низ меоянд: Ҳарифони ман, агар дар гӯштингирӣ маро ғалтонда натавонанд, аз кокулам гирифта мекашиданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ ХИЛОФ

Ҷумлаи пайраве, ки дар таркиби ҷумлаи мураккаби тобеъ омада, акси (муқобили) мазмуни сарҷумларо ифода мекунад, ҷумлаи пайрави хилоф номида мешавад: Вай, ҳарчанд дард аз ҷонаш гузашта бошад ҳам, дод нагуфт (С. Айнӣ, Ятим). Дар ин ҷумла вай дод нагуфт сарҷумла ва дард аз ҷонаш гузашта бошад ҳам ҷумлаи пайрави хилоф мебошад, ки ба сарҷумла ба воситаи пайвандаки ҳарчанд тобеъ гаштааст.
Ҷумлаҳои пайрави хилоф ба сарҷумлаҳо ба воситаи пайвандакҳои агарчи, бо вуҷуди ин ки, бо вуҷуди он ки, ҳарчанд ки, агарчанде ки, гарчанде, ба ҷои он ки тобеъ мешаванд.

пешина
аз 312
навбатӣ