Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
кушодашавандаи заминкан меистод (Р. Ҷалил, Шӯроб). Барои ин ки Мухтор аз хоб бедор нашавад, ман сарамро ба кӯрпа печонда бесадо мегиристам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
ҶОИ ҶУМЛАҲОИ ПАЙРАВИ МАҚСАД
Ҷумлаҳои пайрави мақсад бо пайвандакҳои ки, то, то ки, то ин ки ба сарҷумлаҳо тобеъ шуда бошанд, одатан баъд аз сарҷумлаҳо, яъне дар ҷои дуюм меоянд: Вай бардурӯғ худро монда шудагӣ барин нишон додааст, то ки қувваи худашро сарфа ва дармони ҳарифро хушк кунад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Мепарам рӯ ба ҷанубу ба шимол,
То ки орам ба сари хасм завол.
(М. Турсунзода)
Ҷумлаҳои пайрави мақсад бо пайвандакҳои барои он ки, барои ин ки дар аввал ва мобайни ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, яъне пеш аз сарҷумлаҳо ва ё дар мобайни онҳо меоянд:
Барои он ки ҳаллоҷӣ дар ҳаво худро нигоҳ дорад ва ғалтида сарнагун нашавад, дасти онро муттасил тоб дода истодан лозим будааст (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Командир, барои ин ки ба мурофиа халал нарасонад, ба қозихона даромадан нахост (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ ШАРТ
Ҷумлаи пайрави шарт шарти иҷро шудани амали сарҷумларо шарҳ медиҳад.
Агар ба Сари Ҷӯй баромада, аз даруни кӯҳсор ба Қӯргонтеппа пинҳонӣ рафтанӣ шавед, роҳи шумо аз даруни Дараи Ниҳон меафтад (С. Айнӣ, Дохунда). Дар ин ҷумла агар аз Сари Ҷӯй баромада аз даруни кӯҳсор ба Қӯргонтеппа пинҳонӣ рафтанӣ шавед ҷумлаи пайрави шарт мебошад, ки бо пайвандаки агар ба сарҷумла — роҳи шумо аз даруни Дараи Ниҳон меафтад тобеъ гашта, шарти воқеъ шудани амали онро эзоҳ додааст.
Ҷумлаи пайрави шарт калимаҳои ишоратиро низ шарҳу эзоҳ медиҳад.
Аъзои оилаи кулак ба шарте кулак мешавад, ки бо вай дар як ҷо бошад, дар таъминоти ӯ зиндагӣ кунад ва дар таъсири ӯ бошад (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҷумлаи пайрави шарт ба сарҷумла ба воситаи пайвандакҳои ки, агар, ба шарте ки тобеъ мешавад.
Мисол: Агар дарахтони канори ҳавзи Ғозиён монеъ намебуданд, бошандагони ин ду ҳуҷра якдигарро дида ва бо имою

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо