Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ҳатман баъд аз сарҷумлаҳо, яъне дар ҷои дуюм меоянд: Ман аз ин ҷой ба шумоён намедиҳам, чунки қобили нӯшидани шумоён нест (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Диламонро ваҳм гирифта буд, зеро мо ҳам монанди падару модарамон ба хобҳои бад бовар мекар- дем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Ҷумлаҳои пайрави сабаб бо пайвандакҳои азбаски ва модом ки асосан дар аввали ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, яъне пеш аз сарҷумлаҳо меоянд: Азбаски муҳандис (ҳандасадон) буд, но- зуқиҳои ин ҳунари худро ба боғчаи худ сарф карда буд (С. Ай- нӣ, Ёддоштҳо). Модом ки ту аз ҳамин қадар мунозираҳо бо ву- ҷуди иштирок кардани худат маънии ин калимаҳоро нафаҳмидӣ, дигар ба ту шарҳ ва изоҳ додани мо бефоида аст (С. Айнӣ, Ёд- доштҳо).
Ҷумлаҳои пайрави сабаб бо пайвандаки ки дар мобайн ва пас аз сарҷумла низ меоянд: Вай хурсанд буд, ки акнун ба дом афтондани Дарёря осон мешавад (Р. Ҷалил, Шӯроб); Асп ҳам, ки дар куҷо будани мақсади соҳиби худро надониста аз дави- данҳои беҳосил ба ҷон омада буд, нишоноро гирифт (С. Айнӣ, Доҳунда).
ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ МАҚСАД
Ҷумлаи пайрави мақсад мақсади иҷро шудани амали сар- ҷумларо шарҳ медиҳад:
Мо бояд дар оянда ҳамаи роҳҳои мамлакатро созем, то ки аз хазинаҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ Тоҷикистон меҳнатқа- шони Тоҷикистон ба хубӣ фоида баранд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Фавран аз асп фаромада ба тарафи ӯ давид, то ки бо дӯсти деринаи худ мулоқоти гарму ҷӯшон кунад (С. Айнӣ, Марги суд- хӯр).
Ҷумлаи пайрави мақсад калимаҳои ишоратиро низ шарҳу изоҳ медиҳад. Мисол:
— Қариб аз хотир фаромӯш кардаам,— гуфт ӯ,— ман ба- рои ин омада будам, ки Ҳайдарро ёфта ӯро хору мол карда, ба ӯ гӯшту нон хӯронда, ӯро бо Мирзо оштӣ кунонам (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҷумлаҳои пайрави мақсад бо пайвандакҳои ки, то, то ки, то ин ки, барои он ки, барои он ки ба сарҷумлаҳо тобеъ мешаванд:
Бишнав овози маро мурғи саҳар,
То ки аз рози дилам ёбӣ хабар.
(М. Турсунзода)
Дар баробари ба хона дохил шудан сатилро дар пойгаҳ гузошта, зуд ба сандалӣ менишастам, ки поямро гарм кунам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ӯ барои он ки ба назари мастон нанамояд, дар паси дари яктабақаи ба тарафи берун

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо