Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

он подшоҳ нағз будани чизҳои навбаромадаро тӯтивор ёд гирифтааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Дар ҷумлаи якум ин хабар маро бисёр парешон кард сарҷумла, ман ба вай зиёда омӯхта шуда будам ҷумлаи пайрави сабаб буда, бо пайвандаки чунки ба сарҷумла тобеъ шудааст. Дар ҷумлаи дуюм рамзи ин афсона ба Қорӣ-Нурулло оид аст сарҷумла ва ӯ ҳам монанди писари он подшоҳ нағз будани чизҳои навбаромадаро тӯтивор ёд гирифтааст ҷумлаи пайрави сабаб мебошад, ки бо пайвандаки зеро ба сарҷумла тобеъ гаштааст.

Ҷумлаи пайрави сабаб калимаҳои ишоратиро эзоҳ медиҳад: Хадича барои он аз хона баромада натавонист, ки дар берун беист борон меборид (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ҷумлаҳои пайрави сабаб ба сарҷумлаҳо ба воситаи пайвандакҳои азбаски, чунки, зеро, зеро ки, модом ки, ки, ба сабаби он ки, ба сабаби ин ки, аз сабаби он ки ва чун тобеъ мешаванд.

Азбаски дар ду канори рӯд дарахтони тут сабзида буданд ва дар ҳар ҳафта ё понздаҳ рӯз аз рӯд об мегузашт, бошишгоҳи ман дар шароити онвақтаи Бухоро манзараи хубе дошт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ман дар ин ҷо барои таъмини маишат ба хизмати сиёҳи касе мӯҳтоҷ набудам, чунки Абдуҳалил-Махдум ба муқобили хизмати илмӣ ва ёрии маънавии ман, ба ман ёрии моддӣ мекард (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ман тарсида қадамамро тез-тез мондам, зеро ки онҳоро оворагард ва дузд гумон карда будам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Модом ки фош гардидани ин сир ба худам зарарнок будааст, ман чаро фош кунам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Ман, ки бо таҷрибаи порсола ин ҳолро аз сар гузаронида будам, дар дили худ гуфтаҳои усторо тасдиқ кардам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

Шофёр, аз он сабаб ки дар сари рули ин гуна мошинаи азамат нишастааст, фахркунон ба роҳи худ равон мешавад (газ. «Тоҷикистони Советӣ»).

Ҷумлаи пайрави сабаб ҳам дар таркиби ҷумлаи мураккаби тобеи бепайвандак бо интонация ба сарҷумла тобеъ мешавад: Хоби Ятим намебурд, ҳаво гарм ва дилгир буд (С. Айнӣ, Ятим). Офтоби пагоҳӣ онҳоро дар ҷои дишаба пайдо нанамуд: онҳо рафта буданд (П. Толис).

ҶОИ ҶУМЛАҲОИ ПАЙРАВИ САБАБ

Ҷои ҷумлаҳои пайрави сабаб дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби тобеъ гуногун мебошад.

Ҷумлаҳои пайрави сабаб ба сарҷумлаҳо ба воситаи пайвандакҳои тобеъкунандаи чунки, зеро, зеро ки тобеъ шуда оянд,

пешина
аз 312
навбатӣ