Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

кард (С. Айнӣ, Дохунда). Арбоб, пас аз он ки ба ҳавлии дарун рафта зани худро ба ошпазӣ фармуд, боз омада ба пеши меҳмони худ дар сари гулхан нишаст (С. Айнӣ, Дохунда). Тӯта Маша, ҳар гоҳ ки ба хонааш меомад, албатта, аз ману Мухтор хабар мегирифт (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ман, дар вақте ки бо аскарони сурх ин ҷо омада будам, пурсуков кардам (С. Айнӣ, Дохунда).

ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ МАҚОН

Ҷумлаи пайрави макон ҷои иҷрои амали сарҷумларо шарҳ медиҳад. Дар дохили ин гуна ҷумлаҳои пайрав таркибу иборатҳои ҳар ҷо, он ҷо, дар он ҷо, ин ҷо, дар ин ҷо меоянд. Ҷумлаи пайрави макон ба воситаи пайвандаки ки ба сарҷумла тобеъ мешавад. Ҳар ҷо ки илму дониш бошад, манзили ман ҳамон аст (С. Улуғзода, Ибни Сино).

Дар ҷумлаи мазкур ҳар ҷо ки илму дониш бошад ҷумлаи пайрави макон ва манзили ман ҳамон аст сарҷумла мебошад. Ин ҷумлаи пайрав ба сарҷумла бо пайвандаки ки тобеъ шудааст.

Мисолҳои дигар: Ҳар ҷо ки хуни ноф рехт, он ҷо ватани ширин (фольклор). Он ҷо ки аён аст, ҳоҷати баён нест (фольклор).

Баъзан дар сарҷумлаи ҷумлаи пайрави ҳоли макон мубтадо ифода намеёбад. Ин хел ҳодисаҳо дар мақол ва зарбулмасалҳо бештар рӯй медиҳанд: Он ҷо ки намак хӯрдӣ, намакдон нашикан (фольклор).

ҶОИ ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ МАҚОН

Ҷумлаҳои пайрави макон дар аввали ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, яъне пеш аз сарҷумлаҳо меоянд: Ба ҳар ҷо ки ӯ қадам гузорад, вай ҳама ҷоро мунаввар месозад (Ш. Рашидов, Таронаи Кашмир). Ба ҳар ҷо ки тӯфон мерафт, вай ҳамон ҷоро ба харобазорон табдил додан мегирифт (Ш. Рашидов, Таронаи Кашмир).

Ҷумлаҳои пайрави макон баъзан дар мобайни сарҷумлаҳо меоянд: Мо, куҷо ки кор бошад, ба ҳамон ҷо ҳозир мешавем (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ САБАБ

Ҷумлаи пайрави сабаб сабаби иҷро шудан ва ё нашудани амали сарҷумларо ифода мекунад:

Ин хабар моро бисёр парешон кард, чунки ман ба вай зиёда омӯхта шуда будам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Рамзи ин афсона ба Қорӣ Нурулло оид аст, зеро ки ӯ ҳам монанди писари

пешина
аз 312
навбатӣ