Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

дар онҳо пеш аз сар шудани амали сарҷумла рӯӣ медиҳад ва ба сарҷумла ба воситаи пайвандаки ки тобеъ мегардад:

Ҳар боре ки ҷойҷӯш холӣ мешуд, Пирак давон рафта аз самоворхона ҷои тоза меовард (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ҳар гоҳ ки модарам хӯрок мепухт, ман аз хӯрок як коса ба ҳамқишлоқии худ бурда медодам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ҳар вақт ки ба ҳавлии ботурҷаҳо барои барфрӯбӣ ё тарошакафонӣ мерафтам, духтарча аз ман намегурехт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

III. Дар чунин ҷумлаҳои пайрав бо пайвандаки ки кору ҳаракат ба охир нарасида, амали сарҷумла сар мешавад: Ман ҳанӯз оби дандони дар даҳон гирифтаамро макида тамом накарда будам, ки Қорӣ-Ишкамба аз тарафи шарқи раста, аз тарафи мадрасаи Кӯкалтош, намоён гардид (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

Дар ин ҷумла ман ҳанӯз оби дандони дар даҳон гирифтаамро макида тамом накарда будам ҷумлаи пайрави замон ва Қорӣ-Ишкамба аз тарафи шарқи раста, аз тарафи мадрасаи Кӯкалтош намоён гардид сарҷумла мебошад.

Мисолҳо: Ду таноби боқимондаашро ҳам фурӯхта писарамро тӯй мекунам гуфта истода будам, ки он декрет баромад (С. Айнӣ, Ғуломон). Ҳанӯз ҳаво бо садои ин милтиқҳо дар ларза буд, ки ду милтиқ аз ду паҳлуи дарвозаи милисахона андохта шуд (С. Айнӣ, Ғуломон).

Баъзан ҷумлаи пайрави замон ва пайвандаки ки ба тарзи зерин воқеъ мегардад: Аз роҳрав ки гузаштед, рӯи ҳавлии хеле васеъ... ба назари шумо намудор мешавад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Дар ин мисол аз роҳрав ки гузаштед ҷумлаи пайрави замон ва рӯи ҳавлии васеъ ба назари шумо намудор мешавад сарҷумла мебошад. Дар ҷумлаи мураккаби мазкур пайвандаки ки дар дохили ҷумлаи пайрав омадааст.

ҶОИ ҶУМЛАҲОИ ПАЙРАВИ ЗАМОН

Ҷумлаҳои пайрави замон бо пайвандакҳои ки, вақте ки, пеш аз он ки, пас аз он ки, баъд аз он ки, ҳамин ки, чун дар аввали ҷумлаҳои мураккаби тобеъ меоянд: Ҳанӯз дастархон паҳн нашуда буд, ки аз тарафи шаҳр як нафар харсавор намудор шуд (С. Айнӣ, Дохунда). Дар вақте ки дастаи ноиб ба деҳаи Бӯлмахӯрон расид, масхарабозӣ боз ҳам болотар гирифт (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Пеш аз он ки мо ба ин саволаш ҷавоб диҳем, вай лампаро аз пеши мо бардошта гирифта бурд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

Ҷумлаҳои пайрави замон бо пайвандакҳои баъд аз он ки, ки, пеш аз он ки, пас аз он ки, пас аз ин ки, дар вақте ки дар мобайни сарҷумлаҳо меоянд. Бандии нав, баъд аз он ки қадре чашми худро ба чашми Ёдгор дӯхта истод, гуфт (С. Айнӣ, Дохунда). Духтар, пеш аз он ки ҷавоб диҳад, ба вай нигоҳи табассумомезе

пешина
аз 312
навбатӣ