Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ҳаракат дар ҷумлаҳои пайрави замон бо пайвандаки чун (чу) пеш аз сар шудани амали сарчумла ба анҷом мерасад: Чун мо аз Ялангӣ ном манзил гузаштем, ҳар ба канори роҳ баромада, дар зери як дарахти бед истод (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Дар ин ҷумла чун мо аз Ялангӣ ном манзил гузаштем, ҷум-лан пайрави замон ва ҳар ба канори роҳ баромада, дар зери як дарахти бед истод сарчумла мебошад.
Чанд мисоли дигар: Чун чашми чӯпонписар ба рӯи зебои духтарак афтодааст, вай ба ҳусну ҷамоли ӯ мафтун шуда, ба ӯ нигариста рост истода мондааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Чун ба гузаргоҳи даста наздик расида чашмон ба рӯи онҳо афтод, ман ва Пирак қариб буд аз даҳшат беҳуш гардида, ба замин ғалтем (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Ҷумлаҳои пайрави замон бо пайвандаки «аз бозе ки». Амал дар ҷумлаҳои пайрави замон бо пайвандаки ки ва сарчумлаҳои онҳо дар як вақт рӯй медиҳад:
Аз бозе ки ҳамин бачаи мусофир ба дара омад, бештарини бачагон дар паи бозию шӯхӣ афтода аз парвариши молҳо бисёр бепарво шуда рафтанд (С. Айнӣ, Дохунда).
Дар ин ҷумла аз бозе ки ҳамин бачаи мусофир ба дара омад ҷумлаи пайрави замон ва бештарини бачагон дар паи бозию шӯхӣ афтода аз парвариши молҳо бисёр бепарво шуда раф-танд сарҷумла мебошад. Ҷумлаи пайрави замон ба воситаи пайвандаки аз бозе ки ба сарчумла тобеъ гаштааст. Мисолҳо: Аз бозе ки ба қатори нависандагони советӣ даромадам, ман ният доштам, ки хотирот ва ёддоштҳои худро таҳрир намуда ба хо-нандагон, хусусан ба бачагон ва ҷавонон, пешкаш намоям (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Аз бозе ки худро медонам, ман худро озод нигоҳ доштам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Ҷумлаҳои пайрави замон бо пайвандакҳои «акнун ки», «ҳоло ки». I. Дар ҷумлаҳои пайрави замон бо пайвандакҳои акнун ки, ҳоло ки кору ҳаракат пеш аз сар шудани амал дар сарҷумла ба анҷом мерасад: Акнун ки ба муносибати воқеаи Қорӣ-Ишкамба дар бораи ошнои деринаам — бойбача қадре сухан ба миён омад, дар бораи ӯ ман васеътар истам (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
Дар мисоли мазкур акнун ки ба муносибати воқеаи Қорӣ-Ишкамба дар бораи ошнои деринаам — бойбача қадре сухан ба миён омад, ҷумлаи пайрави ҳоли замон ва дар бораи аҳволи ӯ ман васеътар истам сарҷумла мебошад. Кору ҳаракат дар ҷумлаи пайрав пеш аз амали сарҷумла ба охир расидааст.
Мисолҳои дигар: Акнун ки маро ба болои ин кор дастгир кардӣ, ман ҳамаашро бояд ба ту ҳикоят карда диҳам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ҳоло ки аз найнавозӣ ва нақшгӯйӣ дилгир шуда ба замин ёзида чашми худро пӯшид, ин хайлот аз пештара зиёдтар сарашро фаро гирифт (С. Айнӣ, Дохунда).
II. Ҷумлаҳои пайрави замон бо таркибҳои ҳар бор, ҳар гоҳ, ҳар вақт омада маротиба ва каратро мефаҳмонанд ва кору ҳаракат

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо