Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
боқимондаи ош бардошта ба хонаат меравӣ сарҷумла мебошад.
Мисолҳои дигар: Баъди ин ки ҳар ду як стаканӣ оби маъдании шӯртаъми хунукро нӯшиданд ва пиразан — зани Данилов дари қабулгоҳро пӯшида ба хонаи хоб даромада рафт, Данилов сухан сар кард (Р. Ҷалил, Шӯроб). Баъди он ки аз сари чашма хеле дур шуданд, пиразан аз роҳравӣ бозистода, ба қафо нигоҳ кард (Р. Ҷалил, Шӯроб). Баъд аз он ки аз шаб ду пос гузашт, садои пое аз берун баланд шуд (С. Айнӣ, Доҳунда).
Ҷумлаҳои пайрави замон бо пайвандаки «пас аз он ки».
Кору ҳаракат дар ҷумлаҳои пайрави замон бо пайвандаки пас аз он ки пеш аз ба вуҷуд омадани амали сарҷумла ба охир мерасад; Пас аз он ки саворон гузашта, кӯча ором гирифт, вай хост ба як тарафи бозор паси харидоркӯвӣ, биравад (С. Айнӣ, Ғуломон). Пас аз он ки дастурхони палавро ғундошта ба чойнӯшӣ даромаданд, Ҳаит Амин ба гап даромад (С. Айнӣ, Ғуломон). Пас аз он ки закотчӣ ба қатори дигар гӯсфандҷаллобони закоти калондода ба Азимшоҳ ҳам як ҷомаи подшоҳӣ пӯшонда, «ба ҳаққи ҷаноби олӣ дуо гуфт», ӯ қадре хурсанд шуда ба кӯшхонаи худ рафт (С. Айнӣ, Доҳунда).
Ҷумлаҳои пайрави замон бо пайвандаки «ҳамин ки». Кору ҳаракат дар ҷумлаҳои пайрави замон бо пайвандаки ҳамин ки пеш аз ба вуҷуд омадани амали сарҷумла ва баъзан дар як вақт анҷом меёбад: Ҳамин ки акаам аз болои курсӣ хест, ӯ ҳам оҳиста аз болои барф хест (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Дар ин ҷумла ҳамин ки акаам аз болои курсӣ хест ҷумлаи пайрави замон ва ӯ ҳам оҳиста аз болои барф хест сарҷумла мебошад. Маълум шуд, ки амал дар ҷумлаи пайрав пеш аз ба вуҷуд омадани амали сарҷумла ба охир расидааст.
Мисолҳо: Ҳамин ки овози қарсоси мушак баромад, аз хона ҳам овози ҷонқоҳи «вой мурдам» гуфтани чанд кас якбора баланд шуд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Арбоб Носир, ҳамин ки ин шаҳсро дид, беҳаврасагии аввалаашро гузошта гарму ҷӯшон пешвоз ва пурсупос кард (С. Айнӣ, Доҳунда).
Ҷумлаҳои пайрави замон бо пайвандаки «пеш аз он ки».
Дар ҷумлаҳои пайрави замон бо пайвандаки пеш аз он ки кору ҳаракат баъд аз ба анҷом расидани амали сарҷумла ба вуҷуд меояд: Пеш аз он ки ба сари дастархон ош оранд, Қудрат аз сари дастархон хест (С. Айнӣ, Доҳунда). Дар ин ҷумла пеш аз он ки ба сари дастархон ош оранд ҷумлаи пайрави замон ва Қудрат аз сари дастархон хест сарҷумла буда, амали он пеш аз амали ҷумлаи пайрав ба анҷом расидааст.
Мисолҳо: Пеш аз он ки тамом шудани маҷлис эълон карда шавад, раиси колхоз дар саҳна намоён шуда гуфт (С. Айнӣ, Доҳунда). Духтар, пеш аз он ки ҷавоб диҳад, ба вай нигоҳи табассумомезе кард (С. Айнӣ, Доҳунда).
Ҷумлаҳои пайрави замон бо пайвандаки «чун (чу)». Кору

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо