Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
худ гирифт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ҳамчун ки вай модарамонро ёд кард, ман худамро ба рӯи палоси айвон партофта, ҳунгас зада мегиристам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Чун аз дарвоза даромадам, Қутбия дар раҳрав ба ман рӯ ба рӯ омад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Шамол ором нагирифта буд, ки борони барфолуд ба боридан даромад (С. Айнӣ, Ятим).
Дар ҷумлаҳои мураккаби тобеи мазкур ҷумлаи пайрави замон ба воситаи пайвандакҳои тобеъкунандаи вақте ки, баъд аз он ки, чун ва ки ба сарҷумлаҳо тобеъ шудаанд.
Ҷумлаҳои пайрави замон бо пайвандакҳои «вақте ки», «дар вақте ки», «ҳангоме ки». Дар ҷумлаҳои пайрави ҳоли замон бо пайвандакҳои вақте ки, дар вақте ки паи ҳам воқеъ гардидани кору ҳаракат ифода меёбад. Вақте ки Шодӣ калонтар шуда ба озодона ҷунбондани дасту пои худ қувват пайдо кард, шодии Соро боз ҳам зиёдтар гардид (С. Айнӣ, Ятим).
Дар ҷумлаи мураккаби боло вақте ки Шодӣ калонтар шуда ба озодона ҷунбондани дасту пои худ қувват пайдо кард ҷумлаи пайрави замон ва шодии Соро боз ҳам зиёдтар гардид сарҷумла буда, амали ҷумлаи пайрав пеш аз амали сарҷумла ба анҷом расидааст.
М и с о л ҳ о: Дар вақте ки мо аз ағба фуромадем, рӯз торик шуда меомад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
а) Дар ҷумлаҳои пайрави замон бо пайвандаки ҳангоме ки кору ҳаракат пеш аз амали сарҷумла воқеъ мешавад.
Ҳангоме ки аввалҳои ҷанг писари яккаву ягонаи Фазилатхола — Саид ба фронт рафт, гирду атрофи хола ҳӯввас карда намонд (П. Толис, Ҳикояҳо). Дар ин ҷумла ҳангоме ки аввалҳои ҷанг писари яккаву ягонаи Фазилатхола — Саид ба фронт рафт ҷумлаи пайрави замон ва ҷумлаи гирду атрофи хола ҳӯввас карда намонд сарҷумла мебошад, кору ҳаракат дар ҷумлаи пайрав пеш аз амали сарҷумла ба охир расидааст.
б) Бо пайвандаки ҳангоме ки кору ҳаракати сарҷумлаву ҷумлаи пайрав дар як вақт содир мешавад: Ҳангоме ки ҷавонмард шинельро аз болояш дур карда хест, офтоб ба канори шарқии осмон гилеми лолагунашро паҳн мекард (П. Толис, Ҳикояҳо). Ҳангоме ки кори ба ҳавзаи ГЭС бетонрезӣ сар мешавад, коргарони участкаи дуюм плитаҳои бетонӣ тайёр карда медиҳанд (газ. «Тоҷикистони Советӣ»).
Ҷумлаҳои пайрави замон бо пайвандакҳои баъд аз он ки, баъди он ки, баъди ин ки. Дар ҷумлаҳои пайрави замон бо пайвандакҳои баъд аз он ки, баъди он ки, баъди ин ки амали ҷумлаи пайрав пеш аз амали сарҷумла ба анҷом мерасад:
Баъд аз он ки ман аз ош ҳаққи худро гирифтам, ту табақро бо боқимондаи ош бардошта ба хонаат меравӣ (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
Дар ин ҷумлаи мураккаби тобеъ баъд аз он ки ман аз ош ҳаққи худро гирифтам ҷумлаи пайрави замон ва ту табақро бо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо