Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Вай ин духтарро, ба тавре ки каҳрабо коҳро ва оҳанрабо оҳанро пеш кашад, ба тарафи худ мекашид (С. Айнӣ, Дохунда). Дар ин ҷумла вай ин духтарро ба тарафи худ мекашид сарҷумла ва каҳрабо коҳро ва оҳанрабо оҳанро пеш кашад ҷумлаи пайрави монандӣ буда, ба воситаи пайвандаки тобеъкунандаи ба тавре ки ба сарҷумла тобеъ гаштааст.
Ҷумлаҳои пайрави монандӣ бо пайвандакҳои ки, монандӣ он ки, мисли он ки ва ғайра ба сарҷумлаҳо тобеъ мешаванд: Ҷавон, монандӣ он ки ӯро каждуме неш зада бошад, печу тоб мехӯрд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Вай ба бозича остин афшонда худро ақиб мекашид, мисли он ки ин бозича каждум, ё ин ки ягон газандаи дигар бошад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Ҷумлаҳои пайрави монандӣ бо пайвандакҳои ба тавре ки, ба тарзе ки, чунон ки ва гӯё ки ба сарҷумлаҳо тобеъ мешаванд: Худ, ба тарзе ки ягон хизмати муҳимро бомуваффақият адо карда омада бошад, қамчинашро бозӣ дошта, ба сарой даромад (С. Айнӣ, Ғуломон).

ҶОИ ҶУМЛАҲОИ ПАЙРАВИ МОНАНДӢ

Ҷумлаҳои пайрави монандӣ бо пайвандакҳои монандӣ он ки, мисли он ки, чунон ки, чи тавре ки ва ғайра дар аввали ҷумлаҳои мураккаби тобеъ; яъне пеш аз сарҷумлаҳо меоянд: Чи тавре ки сари бачагонро сила мекунанд, ӯ кафи худро ба дами мӯҳраи он молид (Шарқи сурх). Чунон ки хоби сахт бурда бошад, он беқаророна аз паҳлу ба паҳлу мегардид (С. Айнӣ, Ғуломон). Монандӣ он ки ба ман чизе гуфта аз ман нигарони ҷавоб бошад, вай чашмони худро ба ман дӯхта меистод (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Гӯё ки аз дидори Сир ҳанӯз сер нашуда бошад, вай ба панҷараи тарафи шарқии кӯпрук такя карда аз он ҷо ҷараёни оби дарёро тамошо мекард (Т. Усмон, Кашфи асрор). Ба тарзе ки маҳмаддоно нишон дода буд, вай думи харро бурида ба хӯрҷин андохта роҳи бозорро пеш гирифтааст (С. Айнӣ, Ғуломон).
Ҷумлаҳои пайрави монандӣ бо пайвандакҳои монандӣ он ки, мисли он ки, чунон ки, ки дар мобайн ва дар охири сарҷумлаҳо омада, ба онҳо тобеъ мешаванд: Аз даҳонам, чунон ки аз нӯли офтоба бирезад, об мерезад (С. Айнӣ, Ғуломон).

ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ ЗАМОН

Ҷумлаи пайрави замон вақту ҳангоми иҷро шудан ё нашудани амали сарҷумларо шарҳ медиҳад: Вақте ки Азизхон ду рӯз-се рӯз бедарак шуда мерафт, ҷӯраҳои ӯро ба хонаҳои хешовандони худ мебурданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Баъд аз он ки Қозиҷон-Махдум ба район қозии шуда, аз шаҳр рафт, додари маро Дониёлхоҷа ном бародари калони ӯ ба дастёрии

пешина
аз 312
навбатӣ