Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

нигоҳ дошта ба паҳн кардани он ба маҳрамони худ ёрӣ медод, сухани худро давом кунонид (С. Айнӣ, Ғуломон). Тарафи ба пеши худаш партофташудаи дастурхонро нигоҳ дошта ба паҳн кардани он ба маҳрамони худ ёрӣ медод ҷумлаи пайрави тарз буда, тарзи воқеъ гаштани амали сарҷумла — Урмон-Полвон сухани худро давом кунонд-ро шарҳ додааст.

Мисоли дигар: Шахси ношинос аз ин дарёфти ногаҳонии ҳамсӯҳбати ношиноси худ дар ҳайрат афтода, бе ин ки ба пурсиши ӯ ҷавоб диҳад, ба ӯ нигоҳ карда истод (С. Айнӣ, Куллиёт).

Дар ин ҷумла шахси ношинос аз ин дарёфти ногаҳонии ҳамсӯҳбати ношиноси худ дар ҳайрат афтода ба ӯ нигоҳ карда истод сарҷумла ва ба пурсиши ӯ ҷавоб диҳад ҷумлаи пайрави тарз мебошад, ки ба сарҷумла ба воситаи пайвандаки тобеъкунандаи бе ин ки тобеъ гаштааст.

Ҷумлаи пайрави тарз асосан бо пайвандакҳои дар ҳолате ки, бе он ки ба сарҷумла тобеъ мегардад: Падарам, дар ҳолате ки аз дидори дӯсташ шод буд, ба модарам гуфт (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

ҶОИ ҶУМЛАҲОИ ПАЙРАВИ ТАРЗ

Ҷумлаҳои пайрави тарз бо пайвандакҳои дар ҳолате ки бе он ки, бе ин ки дар аввали ҷумлаҳои мураккаби тобеъ, яъне пеш аз сарҷумлаҳо омада ба онҳо тобеъ мешаванд: Дар ҳолате ки бо таъсири ин сухани охирин дар башараҳошон аломати андӯҳ намоён буд, ҳамагӣ аз меҳмонхона баромаданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Дар ҳолате ки худаш дасташро ба оби сард намезад, ғуломон, ятимон, чӯпонон ва чорьяккоронашро хар барин кор мефармуд (С. Айнӣ, Ғуломон). Бе ин ки сари худро бардорад, вай ба гирду пеши худ назар андохт (С. Айнӣ, Дохунда).

Ҷумлаҳои пайрави тарз бо пайвандакҳои дар ҳолате ки, бе он ки дар мобайни ва охири ҷумла меоянд: Бибиоиша то як ҳафта, бе он ки овозе баланд кунад, чун мӯи оташдида ба худ мепечид (С. Айнӣ, Куллиёт). Ман, дар ҳолате ки аз ҳалвои моқтии дар дасташ будагӣ газида гирифта, қатар-қатар мехоидам, ба падарам гуфтам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ятим дар даруни дарё ба гупсар савор шуд, дар ҳолате ки худаш бо банди дасташ ба вай бастагӣ буд (С. Айнӣ, Ятим).

ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ МОНАНДӢ

Ҷумлаи пайраве, ки предметеро бо предмети дигар бо роҳи монандкунӣ нишон дода, иҷрои амали хабари сарҷумларо шарҳ медиҳад, ҷумлаи пайрави монандӣ ном дорад.

пешина
аз 312
навбатӣ