Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ ҲОЛ
ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ АНДОЗАЮ МИҚДОР
Ҷумлаи пайрави андозаю миқдор то кадом андоза ва чӣ қадар иҷро шудани амали сарчумларо шарҳ медиҳад: Вай баъд аз ба ҳуш омадан ба рӯйканӣ, мӯйканӣ оғоз кард, ба андозае ки мӯи сафедаш аз хуни рухсораш лолагун гардид (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дар ин мисол ҷумлаи вай баъд аз ба ҳуш омадан ба рӯйканӣ, мӯйканӣ оғоз кард сарчумла ва мӯи сафедаш аз хуни рухсораш лолагун гардид пайрави миқдору андоза мебошад, ки ба воситаи пайвандаки ба андозае ки ба сарчумла тобеъ гаштааст.
Мисоли дигар: Ман забони тоториро ба воситаи матбуот, ба қадре ки тарҷума карда тавонам, ёд гирифта будам (С. Айнӣ, Куллиёт).
Дар ин мисол ҷумлаи ман забони тоториро ба воситаи матбуот ёд гирифта будам сарчумла ва тарҷума карда тавонам ҷумлаи пайрави андозаю миқдор мебошад, ки ба воситаи пайвандаки ба қадре ки ба сарчумла тобеъ гаштааст.
Мисолҳо: ... Онҳо як қисми бандиёнро дар ҳамин «регхона», ба қадре ки ҷо ғунҷоиш медод, андохтанд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳар қадар ки молашон зиёд шудааст, ҳамон қадар ҳам зиёдтар одам кор фармуда, зиёдтар заминро ба даст даровардаанд (С. Айнӣ, Дохунда). Ҳар қадар ки фоида зиёд мешуд, иштиҳои пахтачиёни гурусначашм ҳамон қадар зиёд мегардид (С. Айнӣ, Куллиёт).
ҶОИ ҶУМЛАҲОИ ПАЙРАВИ АНДОЗАЮ МИҚДОР
Ҷумлаҳои пайрави андозаю миқдор пеш аз сарчумла бо пайвандакҳои ба андозае ки, ҳар қадар ки, ҳар чӣ қадар ки, ба қадре ки меоянд:
Ҳар қадар ки ман мехӯридам, талаби хориш ҳамон қадар зиёдтар мешуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ба қадре ки рӯзӣ тӯй наздик омада, хароҷот зиёд шудан мегирифт, қарзи вай ҳам зиёдтар мешуд (С. Айнӣ, Дохунда).
Баъзан ҷумлаҳои пайрави андозаю миқдор дар мобайни сарҷумлаҳо меоянд: Бачагон, чӣ қадар ки дар дилашон хоҳанд, бозӣ ва даводав мекарданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Ҳалқаҳои ба пои одам андохта мешудагии он, ба дараҷае ки рони одамро ғунҷонад, васеъ буд (С. Айнӣ, Ғуломон).
ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ ТАРЗ
Ҷумлаи пайраве, ки чӣ тарз ва дар кадом ҳолату вазъият
иҷро шудани амали сарҷумларо мефаҳмонад, ҷумлаи пайрави
тарз номида мешавад. Чунончи, дар ҷумлаи Ӯрмон-Полвон
дар ҳолате ки тарафи ба пеши худаш партофташудаи дастарҳонро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо