Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
наҳорӣ ҷамъ омаданд, пиёла ва қошуқҳоро садо доданд, гуфтугузори ҷарангосии Муҳаббат ва Ғаниҷон, гап задани оҳиста ва ботамкини Сурайё ба гӯши ӯ мерасид (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Устобобом пурсид, ки Юнусҷонҷӯй дар куҷо менишинад (Х. Ирфон. Дар кулбаи косибон). Дар «репортажи пеш аз марг»-и худ Юлиус Фучик менависад, ки коммунист бояд дар ҳама ҷо коммунист бошад ва ҳеҷ гоҳ ақида ва боварии худро суст накунад (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Ман он вақт фаҳмидам, ки ба чӣ фалокат афтодаам, он замин шудгор набуда, балки дарёи Зарафшони яхбаста будааст (С. Айнӣ, Куллиёт).
Баъзан пуркунандаҳои бевосита дар таркиби сарҷумлаҳои ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо пайрави пуркунанда ба кор бурда мешаванд.
Мисол: Ту ҳаминро нағз дон ва аз хотират набарор, ки хандидан, завқидан — ин хиёнат кардан нест (Ҳаким Карим, Оқшуда). Ман ҳаминро медонам, ки ҳақиқатан бемулоҳизагӣ кардам, паст фаромадам (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Инро ҳам фаҳмидам, ки ӯ ба ояндаи хубе умедвори қавӣ доштааст (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҷумлаи пайрави пуркунанда ба сарҷумла асосан ба воситаи пайвандаки «ки» тобеъ мешавад.
Мисол: Мегуфтанд, ки вай танбӯр навохта, ғазал мехондааст ва шеър мегуфтааст (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Ба тали Таги Чинор баромада дид, ки Вера ва Шодигул ба тарафи вай омада истодаанд (С. Улуғзода, Навобод). Ман гумон дорам, ки инҳо ба ҳукуматҳо хабарҳои дурӯғу ростро расонанд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҷумлаи пайрави пуркунанда ба сарҷумла инчунин бе пайвандак, танҳо ба воситаи интонаратсия тобеъ мешавад.
Мисолҳо: Ман дар дили худ гуфтам: ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Шарофатхола ба Сурайё гуфтааст, гӯё ман дар кабинет хеле роҳ гаштаам, дар назди тирезаи кушод чун хумориҳо кайф карда нишастаам, ким-чиҳо навиштаам, чизе дар зери лаб хондаам (Ҷ. Икромӣ, Ман гунаҳгорам). Ӯ гумон мекард, сари синааш дамида рафта истодааст (С. Айнӣ, Куллиёт).
ҶОИ ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ ПУРКУНАНДА
Ҷумлаҳои пайрави пуркунанда бештар пас аз сарчумла меоянд ва ин табиист, чунки ҷумлаҳои пайрави пуркунанда асосан хабари сарчумларо пурра мекунанд: Вай дар болои машинаи боркаш ба Таги Чинор равон шуда аз дур дид, ки Мунира аз баландии фуромада истодааст (С. Улуғзода, Навобод). Шумо бояд инро донед, ки хоҳ ҷаноби Қорӣ бошанд, хоҳ ягон шаҳрии дигар, ба деҳаи шумо, ки аз шаҳр дур аст, омада дар ин ҷо заминдор шуда ба деҳқонӣ машғулӣ карда наметавонанд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо