Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Ба хабар. Ин ҳамон мактаб буд, ки мо аз ҷиҳати нағз ба роҳ монда шудани корҳои таълим ва тарбия санҷида будем (жур. «Мактаби советӣ»).

Дар ин мисол ҷумлаи мо аз ҷиҳати нағз ба роҳ монда шудани корҳои таълим ва тарбия санҷида будем пайрави муайянкунанда буда, ба ҳиссаи номии хабари сарҷумла — ба калимаи мактаб тобеъ гаштаасту онро шарҳ медиҳад.

ҶОИ ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ МУАЙЯНКУНАНДА

Ҷумлаи пайрави муайянкунанда дар мобайни сарҷумла меояд: Барфе, ки ба рӯи борони яхбаста мефуромад, рӯи заминро сафед карда буд (С. Айнӣ, Ғуломон). Ман ба даре, ки одамҳо ба ман нишон доданд, даромадам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Андозаи мӯҳрҳое, ки ҳамсӯҳбаташ нишон медод, ба калонии қуттии хатпартой монандӣ дошт (П. Толис, Ҳикояҳо). Таклифе, ки навакак раис карда буд, ва ин коре, ки ҳозир сардорони колхоз мекарданд, ба назараш худи корҳои ҳамон давра барин намуд (Ҳ. Карим, Оқшуда). Ин мисли модарзоде, ки дар бадани одам ҳаст, дар гӯшаи хотири ӯ сахт часпида мондааст (Ҳ. Карим, Оқшуда). Коваленко тозон ба хонаи ҳамсоя, ки дар рӯ ба рӯ буд, даромад (Ҳ. Карим, Оқшуда).

Дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда баъзан дар охир низ меоянд: Дар чорбоғ дар рӯ ба рӯи меҳмонхона як сарҷавзи шахсуфадор мавҷуд буд, ки гирдогирди онро дарахтони гуҷум ва беди соядор фаро гирифта буданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Дар як ҷои ин биёбон ду чуқурӣ намоён буд, ки баробари қади одам канда сангреза ба реги чигили аз он ҷо баромада ба атрофи он чуқуриҳо деворвор рост карда, ба болои он дастаҳои хору явшон пахш карда буданд (С. Айнӣ, Ғуломон).

ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ ПУРКУНАНДА

Ҷумлаи пайрави пуркунанда хабари сарҷумларо пурра мекунад ва эзоҳ медиҳад.

М и с о л: Шоимов акнун боварӣ дошт, ки масъала ба таври матлуб ҳал хоҳад шуд (Ф. Муҳаммадиев, Муҳоҷирон). Ман медонистам, ки халтаи меъдаи ҳайвонотро «ишкамба» меноманд (С. Айнӣ, Марғи судхӯр).

Дар ҷумлаи якум Шоимов акнун боварӣ дошт сарҷумла буда, масъала ба таври матлуб ҳал хоҳад шуд ҷумлаи пайрави пуркунанда мебошад. Дар ҷумлаи дуюм ман медонистам сарҷумла ва халтаи меъдаи ҳайвонотро «ишкамба» меноманд ҷумлаи пайрав аст.

Ҷумлаи пайрави пуркунанда асосан ба феълҳо тобеъ мешавад.

М и с о л: Вай мешунид, ки чӣ тавр онҳо сари дастурхони

пешина
аз 312
навбатӣ