Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
ба ибораи як шахс тобеъ гашта, онро муайян мекунад. Дар мисоли дуюм ҷумлаи «Доҳунда» будани он аз нақли қисме аз саргузашташ маълум шуд, ҷумлаи пайрави муайянкунанда мебошад, ки мубтадои сарҷумла, калимаи «мард»-ро эзоҳ медиҳад. Дар мисоли сеюм ҷумлаи се моҳ боз рӯи сериро надида аз пой мондаанд, ҷумлаи пайрави муайянкунанда буда, мубтадои сарҷумла, калимаи аспҳо-ро муайян мекунад.
Ҷумлаи пайрави муайянкунанда бе аломати ё низ ба аъзоҳои сарҷумла тобеъ мегардад:
... савор, ки аз миёнаи ду хомаи рег мерафт, аспи худро нигоҳ дошта аз вай фуромад (С. Айнӣ, «Ғуломон»). Ин регзор, ки рӯзона ба тобиши офтоб тафсида монанди тӯдаи аҳгар сурхча менамуд, шабона дар зери шуълаи моҳтоб монанди шири қаймоқбаста зардча шуда, бо як ранги дилрабо ва ҷозибадор метофт (С. Айнӣ, «Ғуломон»).
Дар мисоли якум ҷумлаи аз миёнаи ду хомаи рег мерафт, ҷумлаи пайрави муайянкунанда буда, ба мубтадои сарҷумла, ба калимаи савор, дар мисоли дуюм ҷумлаи рӯзона бо тобиши офтоб тафсида монанди тӯдаи аҳгар сурхча менамуд ҷумлаи пайрави муайянкунанда мебошад, ки ба мубтадои сарҷумла, ба калимаи регзор ба воситаи пайвандаки ки тобеъ гаштааст.
Ба муайянкунанда: Садои машине, ки ба воситаи шланги ғафсу дарози резинӣ ба гилкорон реглой дода истода буд, ба атроф паҳн шуда аз теппа акси садо мегирифт (Р. Ҷалил, «Шӯроб»).
Дар ин мисол ҷумлаи ба воситаи шланги ғафсу дарози резинӣ ба гилкорон реглой дода истода буд пайрави муайянкунанда буда, ба муайянкунандаи мубтадои сарҷумла, ба калимаи ма-шина тобеъ гаштааст.
Чанд мисоли дигар: Дар бозгашта омадани Содиқ, ки аз дунболи худ як каси дигарро ҳам гирифта овард, вақт аз ними шаб гузашта буд (С. Айнӣ, «Ғуломон»). Ӯ бо шунидани ин садо дартоз ба ҳавлии дарун даромада, бо дидани манзарае, ки ба чашмаш рост омад, ҳайрон шуд (С. Айнӣ, «Ғуломон»).
Ба пуркунанда. Як зани фаранҷинок ба таги дар омада касеро, ки дар поёни меҳмонхона нишаста буд, имо карда ба берун баровард (С. Айнӣ, «Доҳунда»).
Ҷумлаи дар поёни меҳмонхона нишаста буд пайрави муайянкунанда буда, ба пуркунандаи касеро тобеъ гаштааст ва онро шарҳ медиҳад.
Мисолҳо: Чор нафар пахтакаши «даҳанкалонро», ки Рустам дар сари онҳо буд, дастгир карда ба дарахтҳо бастанд (С. Айнӣ, «Ғуломон»). Пирак дар ҳамон чуқурӣ истода хонаеро, ки дар баландии арк буда даричаи шишанокаш ба тарафи майдони Регистон кушода мешуд, нишон дода гуфт (С. Айнӣ, «Ёддоштҳо»). Ин овоз ба сари Ҳасан, ки ях баста монда буд, монандӣ раъди ҳаво буд. (С. Айнӣ, «Ғуломон»).
Ба ҳоли замон. Дар рӯзҳое, ки мо дар он ҷо будем, дар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо