Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
пеш карда бошанд, ба гурехтан даромаданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
- Хабари сарҷумла аз ҳиссаҳои номии нутқ ва бандак таркиб ёфтааст. Сабаби «Хурӯс» лақаб гирифтани вай ин аст, ки мардак саҳархез аст (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Тадбири андешидаи ман ин аст, ки ман бо одамони худ аз ҳамон роҳ рафта, аз деҳани шириниён гузашта аз пушти онҳо мебароям (С. Айнӣ, Ғуломон).
ҶОИ ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ ХАБАР
Ҷумлаҳои пайрави хабар дар охир, баъд аз сарҷумлаҳо меоянд: Подшоҳбозӣ ҳамин буд, ки талабагон дар як ҳуҷра ҷамъ мешуданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Хуррият ҳамин будааст, ки касе ба касе зулм карда наметавонистааст (С. Айнӣ, Ғуломон).
ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ МУАЙЯНКУНАНДА
Ҷумлаи пайраве, ки исми сарҷумларо муайян мекунад, ҷумлаи пайрави муайянкунанда номида мешавад. Ҷумлаҳои пайрави муайянкунанда ба сарҷумла ба воситаи пайвандаки ки тобеъ мегарданд: Ҷавононе, ки милтиқҳояшонро ба даст гирифта буданд, часта хеста аз хона баромада давон-давон ба кӯча рафтанд (С. Айнӣ, Ғуломон). Котибе, ки дар идораи колхоз аризаҳоро қабул мекард, як аризаро аз назар гузаронида аз соҳиби ариза пурсид (С. Айнӣ, Ғуломон).
Дар ҷумлаи якум ҷавонон часта хеста аз хона баромада давон-давон ба кӯча рафтанд сарҷумла ва милтиқҳояшонро ба даст гирифта буданд ҷумлаи пайрави муайянкунанда мебошад, ки исм — мубтадои сарҷумла — ҷавононро муайян кардааст.
Дар мисоли дуюм котиб як аризаро аз назар гузаронида аз соҳиби ариза пурсид сарҷумла буда, дар идораи колхоз аризаҳоро қабул мекард ҷумлаи пайрави муайянкунанда мебошад.
Ҷумлаи пайрави муайянкунанда ба аъзоҳои гуногуни сарҷумла тобеъ шуда меояд:
Ба мубтадо: Як шахсе, ки миёнаш аз рӯй бо фӯта бастагӣ буд, аз дари даҳлез даромада, пас аз салом додан ба нишастагон аз багалаш як хати лифофанок бароварда ба Урмон-Полвон дод (С. Айнӣ, Ғуломон). Марде, ки Доҳунда будани он аз нақли қисме аз саргузашташ маълум шуд, аз багали худ дафтарчаеро бароварда, аз даруни вай порчаи коғазеро гирифта, ба вай як чашм андохт (С. Айнӣ, Доҳунда). Аспҳое, ки се моҳ боз рӯи сериро надида, аз пой мондаанд, барои аз лой кашида баровардани саворони худ кор намеоянд (С. Айнӣ, Доҳунда).
Дар мисоли якум ҷумлаи «миёнаш аз рӯй бо фӯта бастагӣ
буд» ҷумлаи пайрави муайянкунанда буда, ба мубтадои сарҷумла

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо