Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҶОИ ҶУМЛАҲОИ ПАЙРАВИ МУБТАДО

Ҷумлаҳои пайрави мубтадо пеш аз сарҷумла ва пас аз онҳо меоянд: Ҳар кас ки ҷавоб дода натавонад, вай бой додагӣ ҳисоб меёбад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ҳар кас ки ҳар кадоми онҳоро даст гирифта диҳад, вай ба асари ҳар ғулом як тилло мегирад (С. Айнӣ, Ғуломон). Ба ҳама маълум шуд, ки деворро дигар кас афтонидааст («Садои Шарқ»).

ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ ХАБАР

Ҷумлаи пайрави хабар хабари сарҷумларо, ки бо ҷонишинҳои ишоратии ин, он, ҳамин, ҳамон, таркибҳои дар ин, дар он, дар ҳамин, дар ҳамон ва монанди инҳо ифода ёфтааст, шарҳ медиҳад:
Як сабаби харобии мамлакат дар замони амир ин буд, ки амалдорон ва давлатмандон меҳнаткашони ӯзбек, тоҷик, қазоқ ва туркманро бо якдигарашон ҷанг меандохтанд (С. Айнӣ, Дохунда). Дар ин ҷумлаи мураккаби тобеъ як сабаби харобии мамлакат дар замони амир ин буд сарҷумла буда, амалдорон ва давлатмандон меҳнаткашони ӯзбек, тоҷик, қазоқ ва туркманро бо якдигарашон ҷанг меандохтанд ҷумлаи пайрави хабар мебошад. Дар ҷумлаи Хулосаи нақли Мирзо Абдулвоҳид он аст, ки гоҳ равғанро зиёд карда, гоҳ қиёмро зиёд карда, гоҳ ордбирьёнро зиёд кардааст ҷумлаи пайрави хабар мебошад, ки хабари бо ҷонишини он ифодашудаи сарҷумларо шарҳ додааст.

Хабари сарҷумлаи ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо пайрави хабар аз ҷиҳати таркиб ду хел мешавад:

  1. Хабари сарҷумлаҳо аз ҳиссаи номӣ (аз ҷонишинҳо, зарфҳо ва ғ.) ва феълҳои ёридиҳанда таркиб ёфтааст. Мисолҳо:
    Яке хислати Қорӣ Нурулло ин буд, ки ҳар чизи навбаромадаро маҳз барои навбаромад буданаш дӯст медошт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Маслиҳат ҳамин шуд, ки худамон ариза навишта, Шамсияро пешкаш кунем (Ҷ. Икроми, Духтари оташ). Хулосаи ҳикояам чунин буд, ки агар мо худи ҳамин рӯз дукаса ба мадади пирамард нашитобем, кор аз даст меравад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Маънии бо талаби замон будани дарси пеши Қорикалон ин буд, ки вориси ҷамоаи мо — Абдухалил Махдум Қоризода буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Чизе ки маро ташвиш медод, танҳо ин буд, ки ин бероҳа маро ба мақсад мерасонда бошад ё аз роҳи калон дур афтода аз ягон тарафи дигар мебароварда бошад (С. Айнӣ, Одина). Баъд аз ин ҳодиса дигаргуние, ки ба кори банкҳои дар Бухоро буда рӯй дод, ин буд, ки дигар ҳеҷ кадоми онҳо дар контораи шаҳриашон баъд аз соати кор пул камонданд (С. Айнӣ, Одина). Коре, ки аз дасташон омад, танҳо ҳамин шуд, ки азамат ва виқорро ба як сӯ гузошта, бо он ҷомаҳои фохир, монанди баҷағоне, ки онҳоро девонагон
пешина
аз 312
навбатӣ