Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

маъракаҳо вай мепухт), духтарасро пешвоз гирифт (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Вай бефоида будани ин кор ва аз тадбири он оҷиз будани худро ҳис карда (зеро ки завод кор торафт зи- ёдтар ва адади коргарон афзунтар мегардид), гоҳо ба танг ме- омад ва ба падарам шикоят менамуд (С. Улуғзода, Субҳи ҷа- вонии мо). Боровиков ба чӯбдаст такя карда ва пешонӣ чин намуда (зеро ки пояш ҳанӯз тамоман сиҳат нашуда буд), аз ма- шина фуромад (С. Улуғзода, Навобод).

ҶУМЛАҲОИ ЭЗОҲИИ ШАРТ

Ҷумлаҳои эзоҳии шарт шарти воқеъ гардидани амали ҷум- лаи асосиро ба таври илова нишон медиҳанд:
Сохти мадрасаҳои кӯҳна бо ҳашамат ва шукӯҳи берунӣ ва нобобии дарунаш, агар ин ташбеҳро хонандагон муносиб до- нанд, ба сохти зиндагонии феодалӣ монандӣ дошт (С. Айнӣ, Куллиёт).

ҶУМЛАҲОИ ЭЗОҲИИ ХИЛОФ

Ҷумлаҳои эзоҳии хилоф бо ҷумлаҳои асосӣ муносибати хи- лофӣ доранд:
У қади баланд, бадани логар, чеҳраи гандумгун, риши миё- наи на он қадар сафед (бо вуҷуди ин ки худ 90-сола буд) ва абрӯҳои баланди дарозӯ дошт (С. Айнӣ, Куллиёт). Иброҳим ғайр аз дарси дарсхонагӣ, ки дар ҷамоаи мо мехонд, дарсҳои дигарашро ҳам (агарчи дар он дарсҳо ман ба вай шарик набу- дам) бо ман тайёр мекардагӣ шуд (С. Айнӣ, Куллиёт).

ҶУМЛАИ МУРАККАБИ ТОБЕЪ

Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ аз ҷумлаҳои мураккаби пайваст ба куллӣ фарқ мекунанд. Дар ҷумлаҳои мураккаби пайваст ҷумлаҳои содда мустақилияти худро то як андоза нигоҳ дошта метавонанд. Аммо дар ҷумлаҳои мураккаби тобеъ ҷумлаҳои пайрав ба сарҷумлаҳо тобеъ гашта, асосан, мустақилияти худро гум карда, сарҷумлаҳоро аз ягон ҷиҳат (замон, макон, сабаб, мақсад, шарт, натиҷа ва ғайра) шарҳу эзоҳ медиҳанд. Пайвандакҳои ҷумлаҳои мураккаби тобеъ аз пайвандакҳои ҷумлаҳои мураккаби пайваст фарқ мекунанд. Мо онҳоро ҳангоми аз назар гузаронидани хелҳои алоҳидаи ҷумлаҳои мураккаби тобеъ хоҳем дид.
Ҷумлаҳои пайрав гуногун мешаванд:

ҶУМЛАИ ПАЙРАВИ МУБТАДО

Ҷумлаи пайраве, ки ҷонишини ба вазифаи мубтадои сарҷумла омадаро шарҳ медиҳад, ҷумлаи пайрави мубтадо ном дорад. Чунончи, дар ҷумлаи «Ҳар кас ки бештар кор кунад, вай ҳамон

пешина
аз 312
навбатӣ