Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

онҳо Мулло Маҳмуд буд (дар ин вақт ба рӯи духтарак аломати шодӣ намоён шуд), нест кардем (С. Айнӣ, Куллиёт). Муносибати ҷумлаҳои эзоҳӣ бо ҷумлаи асосӣ гуногун аст, аксар вақт он характери муайянкунандагӣ ва ҳолӣ дорад.

ҶУМЛАҲОИ ЭЗОҲИИ МУАЙЯНКУНАНДА

Агар ҷумлаҳои эзоҳӣ яке аз аъзоҳои бо исм ва ё ҷонишин ифодаёфтаи ҷумлаи асосиро муайян кунанд, байни ҷумлаҳои туфайлл ва асосӣ ба маънои нисбӣ муносибати муайянкунандагӣ ба вуҷуд меояд, яъне ҷумлаҳои туфайлд ба воситаи муайян кардани хусусият ва аломати аъзои мазкур ҷумлаи асосиро шарҳу эзоҳ медиҳанд:

Баъд аз ду ё се соли воқеа, вақте ки ман дар пеши домуллои мазкур «Шамсия» (китобчае, ки ба мантиқ оид аст) мехондам, як мисол рост омад (С. Айнӣ, Куллиёт). Он кас чӯби ғафси дарози сафедори самарқандиро, (сафедореро, ки дар Самарқанд шамшод меноманд), рост арра карда, ҳар кадоми онҳоро ба шакли нова кофта; боз дуяҳро бо ҳам бо елим ҷафс карда, ба тарзе ки дар ин най дидӣ, сохта буданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дев маро заданӣ шуд, лекин ман ба шарофати ин бозубанд (зери бағали худро кушода, бозубанди калонеро нишон дод), ки ба ман раҳматӣ эшони Баракатхоҷа дода буданд, халос шудам (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар ҳамин фабрика вай бо Зиёқомандир шинос шуд (вай ба он ҷо командировка шуда рафта буд) ва баъд аз чанд гоҳ тӯй карданд (Ч. Икромӣ, Шодӣ).

ҶУМЛАҲОИ ЭЗОҲИИ САБАБ

Ҷумлаҳои эзоҳии сабаб серистеъмоланд. Онҳо барои ба тарзи илова асоснок кардани фикри асосӣ, кушодани сабаби амали он истифода мешаванд. Ҷумлаҳои эзоҳии сабаб ба тамоми ҷумлаи асосӣ ва ё ба яке аз аъзоҳои он мансуб шуда метавонанд.

  1. Ҷумлаҳои эзоҳӣ, ки чун илова омада, сабаби ҳақиқии воқеъ гардидани ҳолати ҷумлаи асосиро ифода мекунанд:

Ман торик шудани ҳаворо мунтазир нашуда (чунки аз бетоқатӣ дар даруни ҳуҷра нишаста наметавонистам), ба дари пар-тави мазор баромадам ва дар дами дар ин сӯ-он сӯ қадам зада гаштам (С. Айнӣ, Куллиёт). Боровиков бештарини вақтҳо бо вай тоҷикӣ гап мезад (вай дар давоми хизмати даҳсолааш дар Тоҷикистон забони тоҷикиро ёд гирифта буд) (С. Улуғзода, Навобод).

  1. Ҷумлаҳои эзоҳии сабаб аъзоҳои гуногуни ҷумлаи асосиро эзоҳ медиҳанд:

Модари вай кампираки қадпастак ва миждоруқак, ки дар қишлоқ ҳама ӯро «бакавул» мегуфтанд (зеро ки ҳамеша хӯрокҳои умумии колхозчиёнро хоҳ дар сари замин ва хоҳ дар мавриди

пешина
аз 312
навбатӣ