Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
(Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Чӣ мегӯӣ, ки ҳар кас барои мурдаи худ мегиряд (С. Айнӣ, Куллиёт). Мактуб ҳақиқатан ҳам ғалатӣ буд, ҳатто, гуфтан мумкин аст, ки таълимомез буд (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо). Хайр, чӣ мегӯед, ки, падари ҷонам, дар ҳамсоягии ҳамин зан истиқомат дорам (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Ҷумлаҳои туфайлии фразеологии аз қабили ки тавре ки мегӯянд, чунон ки мегӯянд, чи хеле ки мегӯянд сарчашмаи фикр ва ба умум тааллуқ доштан, ё забонзад шудани онро далолат мекунанд:
Рафта-рафта калимаи «Исмат»-ро партофта «Қорӣ-Ишкамба» гуфтаанду мондаанд ва, чунон ки мегӯянд: «Лақаб равшантар аз ном аст», номи аслии он шахс аз забонҳо афтода, дар байни мардум бо унвони «Қорӣ-ишкамба» шӯҳрат ёфтааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Ӯ зане буд, харобак ва, чунон ки мегӯянд, нозукниҳол (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
Ҷумлаҳои туфайлии фразеологии амсоли чунон ки маълум аст, чи хеле ки равшан аст, менамояд, чи тавре ки маълум аст, чунон ки аён аст, боварӣ, асосу далел ва тасдиқи фикрро ифода мекунанд:
Қасида, чунон ки маълум аст, яке аз шаклҳои асосии адабиёти давраи феодализм мебошад («Адабиёти тоҷик»). ... ёрдамчии сардори уезд, чунон ки худатон медонед, дам нишаста дар ин ҷо аз кору гапҳои мо барои худаш ким-чӣ хел хулосаҳо мебаровард (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Ҷумлаҳои фразеологии амсоли гирем, қисса кӯтоҳ, дур наравем тартиби фикр, хулосаву иловаҳоро ифода мекунанд:
Ё ки, гиред, ҳамин падари ман кулак-мӣ? Не! Гирем, шумо кулак-мӣ? Не, албатта (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Дур наравем, ҳамин ҳамсояи худамонро гӯед (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
ҶУМЛАҲОИ ЭЗОҲӢ
Ҷумлаи эзоҳӣ дар шароити объективӣ (ба туфайли фикри асосӣ) ба вуҷуд омада, барои додани маълумоти иловагӣ ва эзоҳӣ ба маъмуни ҷумлаи асосӣ хизмат карда, мафҳуми предметӣ ҷумлаи асосиро пурра ва асоснок менамояд; нутқро бо иловаҳо, ғайриасосӣ ҳам бошад, мукаммал ва аниқу равшан мекунад, ба он ислоҳу тавзеҳот медарорад. Ҷумлаҳои эзоҳӣ одатан дар қавсайн меоянд ва ё бо тирею вергул, дар нутқи шифоҳӣ бо оҳанги пасту суръати тези талаффуз аз фикри асосӣ ҷудо карда мешавад, ки ин характери истисноии онро нишон медиҳад:
Шарифзода ғайр аз падари ғамхор ва муаллими хубу обрӯманд будани худ фазилатҳои дигар ҳам дошт (муаллими хуб будани ӯро Толиб борҳо аз забони дигарон шунида буд) (Р. Амонов). Ҳарифи ман байти мазкурро бо қалами қариндош бо хати худ ба қоғазе навишта гирифт (хаташ хеле хуб буд) (С. Айнӣ, Куллиёт). Мо ҳамаи душманони синфии худро, ки шумтарини

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо