Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
е) навозиш:
«Ин аберааш, гардам аз саратон,— гуфт Қорӣ (С. Айнӣ, Куллиёт).— Хайрият омадед, гардам оим,— гуфт кайвонии кекса хамирро мушт карда шуда,— ба шумо чашм дар роҳ шуда мондем (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).
ж) Ҷумлаҳои туфайлини модалие, ки барои ҷалб кардани диққати шунаванда истифода карда мешаванд. Ба ин гурӯҳ ҷумлаҳои медонед чӣ, мефаҳмед, тасаввур кунед, ба шумо маълум аст ва монанди инҳо дохил мешаванд:
Чӣ тавре ки мебинед, қишлоқамон боз ҳам ободтар шуд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Чунон ки медонед, ман бо падарам дар як дӯкон менишинам (С. Айнӣ, Куллиёт). Мо, шахтиёрҳо, худат медонӣ, ошпаз ё қассоб нестем, ки шикам монем (Р. Ҷалил, Шӯроб).
- Ҷумлаҳои туфайлие, ки сарчашмаи фикрро нишон медиҳанд:
Шумо, арбоб, чунон ки худатон гуфта будед, дар муомила саг нашавед! (С. Айнӣ, Куллиёт).— Хуб,— гуфт,— ба қавли домулло гӯем, ҳар даҳ танга ҳар моҳе як танга танзил дорад (С. Айнӣ, Куллиёт). Наход ки Нуралӣ, чунон ки аз ҳикояи модар мебарояд, ҳамин гуна одами дилсахту дилсиёҳ бошад? (С. Улуғзода, Навобод). Чӣ тавре ки тӯтаҷонаш ба вай фаҳмонид, ин Ғуломулӣ устои моҳири гулдаст ва бофандаи бемисл будааст (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Пётру Акбари бечораро, чунон ки дар афсонаҳои тоҷикӣ гуфта мешавад, дар ҳамин ҷо монему ду калима аз Дашаю Давлат шунавем (Р. Ҷалил, Шӯроб).
Ҷумлаҳои туфайлии модали-фразеологӣ.
Дар забони тоҷикӣ як гурӯҳ ҷумлаҳои туфайлии фразеологӣ ҳастанд, ки бо ҷумлаҳои асосӣ ба воситаи пайвандакҳо ва баъзан бе пайвандакҳо алоқаманд мешаванд. Ҷумлаҳои туфайлии фразеологие, ки бо ҷумлаҳои асосӣ ба воситаи пайвандаки «агар» алоқаманд мебошанд, ба фикри асосӣ тобиши шарту маҳдудӣ медиҳанд:
Агар рости гапро гӯям, корҳои вакили мухтор кайфи маро парронда истодааст (С. Айнӣ, Куллиёт). Ака Шариф ба мо меҳ-мони азиз аст, агар бемалол бошад, таоме тайёр мекардӣ, хуб мешуд, агар палов пазӣ, боз беҳтар (С. Айнӣ, Куллиёт). Агар кӯтоҳ карда гӯям, зани хурдии бой ба Соро мисли як палонҷ муомила мекард (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ин гуна ҷумлаҳо бе пайвандак ҳам меоянд:
Ҳаққи гапро гӯям, ман аз омаданам пушаймонам (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо). Росташро гӯям, ниятам ҳам ҳамин буд (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо). Рости гапро ба ту гӯям, ба ин кор бисёр орзуманд будам (Ҳ. Карим, Ҳикояҳо).
Ҷумлаҳои туфайлии фразеологӣ ба фикр тобишҳои зарурат, ноилоҷӣ, эҳтимол, узр, ҳасрат ва ғайра мебахшанд:
Маро сарзаниш накунед, чӣ кор кунам, ки дигар илоҷ надоштам

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо