Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

а) боварӣ ва қатъият. Табиист, ки посбон аз тарси ҷони худ хомӯш монд (С. Айнӣ, Куллиёт). Рост мегӯянд, гарданда дарзӯро монад, нишаста бӯръёро (Ф. Муҳаммадиев, Дар он дунё). Вақте ки ин мактубро яке аз талабагони мактаб ба дастам оварда дод, ман гумон карда будам, росташ, умед ҳам доштам, ки ин аз шумо бояд бошад (Ф. Ниёзӣ, Вафо).

б) нобоварӣ, гумон, шубҳа, эҳтимол:
Қозикалон, намедонам бо чӣ андеша бошад, сари худро хам карда қадре хомӯш истод (С. Айнӣ, Куллиёт). Садои паровозҳо, мастона ғазал хонда гузаштани кӯчагардҳо ва гоҳ-гоҳ ҳунгос зада гиристани зане (шояд аз хонаи ҳамсоягӣ бошад) ба гӯш мерасид (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Чуун он маҳбубаи дилором наздик расид, ман аз сари хомаи рег шорида фуромада дар пасхамие, ки Ситора ба ман нишон дода буд (бояд Ситора ҳам ин ҷоро нишондоди он офтоб таҳин карда бошад) дароз кашидам (С. Айнӣ, Куллиёт). Вай инро ба забони узбекӣ пурсид, аммо лаҳҷааш тоҷикӣ буд (аз дили ман гузашт, ки вай ҳам бояд самарқандӣ бошад), бинобар ин модарам ба забони тоҷикӣ ҷавоб дод (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Ба гурӯҳи ҷумлаҳои туфайлӣ ҳамчунин ҷумлаҳое дохил мешаванд, ки дар шакли саволи риторикӣ ифода ёфтаанд: Кӣ медонад, аз он одамҳое, ки «кофир» гуфта бо дасти мо кушонда истодаанд, чӣ қадарашон он бечорагон бошанд, ки ба ҳамин гуна корҳои амир ва амалдорони ӯ муқобил баромада бошанд ё ин ки бар болои хироҷ, закот ва андоз ҷанҷол бароварда бошанд?.. (С. Айнӣ, Куллиёт).

в) тасдиқи фикр:
Дуруст аст, ки Саъдӣ ихтироъкунандаи шакли хуби ғазал аст; дуруст аст, ки Анварӣ дар қасида дурӯғгӯиро ба осмонҳо баровардааст; дуруст аст, ки Фирдавсӣ, дар роҳи зинда кардани афсонаҳои Эрони қадим яке ҷаҳон адабиёти номурданӣ — «Шоҳнома»-ро ба вуҷуд овардааст (С. Айнӣ, Куллиёт).

г) зарурат ва таъкид:
Лекин, рафиқ Пӯлод, маъданҳое, ки мо аз ин ҷо ёфтем, сухан дар байни мо монад, бағоят зарур буда, захираи калон доранд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Як қатор колхозу совхозҳо ва идораҳои истеҳсолӣ аз захира-имкониятҳои худ самаранок истифода бурда натавонистанд (Инро набояд фаромӯш кард). («Садои Шарқ»).

д) умедворӣ, орзу, хоҳиш:
... худатон пир шудаед, чӣ мешавад, ки ҳар шаб аз пули худатон яке аз таомҳои дилхоҳатонро пазонда хӯред... (С. Айнӣ, Куллиёт). Чӣ мешуд, ки ҳеҷ набуд, ҳафтае як бор ба чойхона барои ва ҳамин хел сӯҳбат кунем (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).

Чӣ мешуд, тезтар бо як баҳона
Ба дидораш бидӯзам дидаву ҳӯш.

(А. Шукӯҳӣ)

пешина
аз 312
навбатӣ