Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

Мактаби нав китобхона дорад, мо аз он ҷо китоби дилхоҳамонро гирифта метавонем (Р. Амонов, Навбаҳори чашмасор). Радиоузел доранд, ба якчанд нуқта овоз медиҳад (С. Улуғзода, Навобод).

Дар таркиби ҳиссаи дуюми ҷумлаҳои мураккаб калимаҳои нисбӣ омада, муносибати эзоҳии байни ҷумлаҳои соддаро ишора мекунанд:

Сари Қалъа ҷои дӯстдоштаи бачагони деҳа буд, мо ба он баромада, дар сояи ток бозиҳо мекардем, деҳаи худамонро тамошо мекардем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Беҳтарини иҷорадорҳо Орифи рангубор аст, ӯ одами бисёр бобаракат аст (С. Айнӣ, Ғуломон). Ҷиғатой бадтарин ва хунхортарини писарони Чингиз буд, ӯ дар ҳамаи сифатҳои ваҳшиёна ва золимона вориси ҳақиқии Чингизи хунрез буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ин баҳори аввалини ҳаёти нав буд, мардум озодона нафас мегирифтанд (Ҷ. Икромӣ, Тори анкабут).

Дар як гурӯҳи ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандаки эзоҳӣ ҳиссаи дуюм ба ҳиссаи якум маълумоти нав илова мекунад ва ҳамчун ҳиссаи иловагӣ воқеъ мегардад:

Аҳмад 12-сола шуд, ин вақт саводаш ҳам баромада буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Мардум фарзандони худро ба мактаби шӯроӣ мефиристоданд, як қисми меҳнаткашон фиристоданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Якумаш Саидаброри Тартиб аст, вай бисёр кам ва ботамкин гап мезанад (А. Деҳотӣ, Куллиёт). Фирӯза оҳиста аз ҷо бархосту берун баромад, дар чашмони вай ашк меҷӯшид (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ).

Як гурӯҳи ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандаки эзоҳӣ барои шарҳу тафсили аъзоҳое меоянд, ки бо артикли е ва ё калимаи як омадаанд:

Шунидани саргузашти Ёдгор ба ин шахс таъсири аҷибе бахшид, ба чашмонаш нур пайдо шуд (С. Айнӣ, Кӯллиёт). Мо ӯро одатан дар суфачаи назди хонааш бо коре машғул медидем, вай ё досу каландашро сӯҳон мезад, ё арғамчин тоб медод, ё ҷуволи даридаашро медӯхт (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Дар дили Максим Макарович нисбат ба ҳамсӯҳбаташ ҳисси ногуворе боло мегирифт, вай ба асли мақсаду нақшаи ӯ торафт чуқуртар сарфаҳм рафта, аз бадбахтии модари Давлат дилаш пора-пора мегашт (Ф. Ниёзӣ, Ҳар беша...). Гардам, ман дар ҷамадони Баротов як миёнбанди шоҳии аҷиб дидам, ба гирдаш байтҳо дӯхтагӣ (С. Улуғзода, Навобод).

ҶУМЛАҲОИ ТУФАЙЛӢ

Ҷумлаҳои туфайли мисли ҷумлаҳои дигар алоҳида истифода намешаванд, онҳо дар таркиби ҷумлаҳои содда ва мураккаб воқеъ мегарданд. Ҷумлаҳои туфайлӣ аз воситаҳои муҳими ифодаи муносибатҳои модалӣ мебошанд:

  1. Муносибати субъективии гӯянда ба предмети муҳокимаи нутқ:
пешина
аз 312
навбатӣ