Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ҳукумати Советӣ маҷбур шуданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Дарду аламе дили Восеъро фишурд, нафрату ғазабаш нисбат ба душманамаш ҷӯш зад (С. Улуғзода, Восеъ). Борон монд, ҳозир бачаҳо расида меоянд (Ю. Ақобиров, Норак). Осмон тира буд, ягон ситора наменамуд («Садои Шарқ»).
Воситаи асосии грамматикии алоқаи ҳиссаҳои таркибӣ ҷумлаи мураккаби пайвасти бепайвандаки сабабу натиҷа интонацияи сабабу эзоҳӣ мебошад. Ҳангоми талаффузи ин қабил ҷумлаҳои мураккаб қисми якуми онҳо бо оҳанги тадриҷан баландшаванда гуфта шуда, задаи мантиқӣ ба калима ё иборае меафтад, ки нуктаи сабабро ташкил медиҳад, дар охири ҷумлаи соддаи якум, пеш аз саршавии ҷумлаи соддаи дуюм паузаи муайян ба вуҷуд меояд, ки аз саршавии ҳиссаи дигари ҷумлаи мураккаб дарак медиҳад. Ҷумлаи соддаи дуюм бо оҳанги паст ва ҳамвори якранг талаффуз меёбад:
Пиёда ба гарнизон расида омад, дигар ба касе дар бораи Дохунда будани ин пиёда шубҳае намонд (С. Айнӣ, Куллиёт). То тайёр шуда баромадан соат як мешавад, то шаб чор соат вақт мемонад, дар ин муддат дар ин ҳаво ин роҳи вазнинро тай карда ба он ҷо рафта расидан мумкин нест (С. Айнӣ, Куллиёт).
Муносибати эзоҳӣ. Дар байни ҳиссаҳои таркибӣ ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак муносибати эзоҳӣ низ дида мешавад. Дар ин гурӯҳи ҷумлаҳои мураккаб ҷумлаи соддаи дуюм барои шарҳу эзоҳ додан, муайяну конкрет гардондан ва ё тафсил додани маънои умумии ҷумлаи соддаи якум ва ё яке аз аъзоёни он меояд:
Корҳои киштзории Ятим ҳам хеле пеш рафт, ӯ алафҳои бегонаро дасткаш карда киштзорро чун гулзор аз хасу хошок пок кард (С. Айнӣ, Ятим). Мо имрӯз ид дорем, мо аввалин азамати металлургияи республикаро ба кор андохтем («Садои Шарқ»).
Мешавад дар пойтахт имрӯз барпо анҷуман,
Беҳтарин фарзандони халқ маҷлис мекунанд.
(М. Фарҳат)
Воситаи асосии ифодакунандаи муносибати синтаксисии байни ҳиссаҳои таркибӣ ин хели ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак низ интонация мебошад. Оҳанги гуфтор дар ин қабил ҷумлаҳои мураккаб бошиддат ва баландтар сар шуда, дар охири ҷумлаи соддаи якум каме паст мешавад ва пеш аз саршавии ҷумлаи соддаи дуюм як фосилаи андак дарозтар ба миён меояд ва он воқеъ гардидани ҷумлаи соддаи эзоҳиро ногузир мегардонад. Ҷумлаи соддаи дуюм нисбатан ором ва бо оҳанги нисбатан пасти якранг сурат мегирад:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо