Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
метофт, ӯзбекзанҳо ҳамаашон қариб ҳамсол барин миёнсин буданд (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун). Дар берун барф меборид, дар хона гули садбарг ханда мекард (А. Шукӯҳӣ, Нияти нағз).
Калимаю ибораҳои ташкилкунандаи муносибати қиёсӣ ва қиёсию хилофӣ нисбат ба якдигар дар ҳолати антонимӣ ё синонимӣ меистанд. Аз ин ҷост, ки онҳо ҷуфтҳои антонимию синонимиро ташкил дода, яке дар ҳиссаи якум ва дигаре дар ҳиссаи дуюми ҷумлаи мураккаб ҷойгир мешаванд:
Дар миёна созандаи Тилло рақс мекард, ду доирадаст дар поён доира мезаданд (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Дирӯзакак велосипед харидани деҳқон факти барҷаста буд, имрӯз колхозчиён «Победа», «Волга», «Москвич» мехаранд (А. Шукӯҳӣ, Нияти нағз). Лекин дар он вақтҳо аз пеши ин тахтасанг бо роҳи оббурдамонанде гузашта ба дара даромада мешуд, ҳоло дар ин ҷо роҳи автомобилгузар пайдо шудааст (С. Айнӣ, Куллиёт).
Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандаки қиёсию хилофӣ дар зарбулмасалу мақолҳо бештар дида мешаванд:
Дарахт аз об месабзад, одам — аз тарбия (Зарб.). Дар замини шӯр найшакар набояд кишт, аз ноҷинсон чашми вафо набояд дошт (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Як ангушт ангушт аст панҷ ангушт мушт мешавад (А. Шукӯҳӣ, Нияти нағз). Аз мо итобу сиёсат, аз шумо панду насиҳат (С. Улуғзода, Восеъ).
Дар баъзе ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандаки қиёсию хилофӣ муносибати барҷастаи хилофӣ дида мешавад.
Ин муқобилгузорӣ дар байни ҳиссаҳои таркибии ҷумлаи мураккаб ба таври умумӣ ё бо роҳи ба ҳам муқобил гузоштани аъзоҳои ҷудонопазири ҷумлаҳои содда воқеъ мегардад:
Гуселкунандагон ба аробаҳо часпида мебаромаданд, казакҳо, полицияҳо онҳоро ба зӯрӣ мефароварданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ҳамроҳхонро шумо чилбурпӯш карда будед, ҳукумати шӯро ба вай мӯзаву ҷомаи нав пӯшонд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Вай дарахти зардолуро сабзонд, меваашро шумо мехӯред (М. Наҷмиддинов, Дарё...). Дар артели мо аввал ягон нафар зан набуд, ҳозир 25 нафар занон аъзо шуда даромадаанд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ман ин корро ба рафиқ Калоншоҳ гуфтам, он кас ҳам чорае надоданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Дарро тела дод, дар қулф буд (Ф. Ниёзӣ, Хар беша...). Ман аз бозор
— шумоён ба бозор (С. Улуғзода, Навобод). Мурдан осон — зиндагӣ кардан мушкил (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун). Дарро задам — девор кафид (Зарб.).
Муносибати сабабу натиҷа. Дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак, ки муносибати сабабу натиҷа доранд, ҷумлаи соддаи якум сабабро ва ҷумлаи соддаи дуюм натиҷаву хулосаи онро ифода мекунад:
Роҳи Туркистон аз тарафи Оренбург аз Россия бурида шуд,
меҳнаткашони ин ҷо танҳо бо қуввати худ ба ҳифзу нигоҳдории

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо