Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Маҳмадоно фармон дод, ҳамаи он даҳ нафар ҷавон ба аспҳо савор шуданд, худаш ҳам ба асп савор шуд (С. Айнӣ, Ғуломон). Модарам дар кӯча чӣ воқеа рӯӣ доданро аз ман пурсид, ман ҷанҷоли бо имом шударо нақл кардам (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Мавсими сармо гузашт, фасли баҳорон расид (А. Деҳотӣ, Фасли хушу иди хуш). Дар дами дар латтаи тари хонашӯяк паҳн карда шуда буд, ман ботинкаамро ба он пок карда даромадам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Раис ишора кард, ҳама шариқҳо аз даруни замин баромаданд (Ҷ. Икромӣ, Расми қаҳрамон).
Дар ин қабил ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак ҷумлаҳои соддаи он аз як калима, аз хабари феълӣ иборат шуда метавонанд: Шир талаб кард, додам, хӯрд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Латофат кабобро овард, хӯрданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Дар ифодаи муносибати пайҳамзамонӣ роли феълҳо ва мутобиқати шаклҳои феълӣ басо калон аст.
а) Хабари ҳиссаҳои таркибӣ ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пайҳамзамон бештар ба воситаи шаклҳои мутлақи феъли замони гузашта ифода меёбад, чунки амали ҷумлаи дуюм ҳамеша пас аз қатъ гардидани амали ҷумлаи якум воқеъ мегардад:
Синдбод бо ин қувваи мусаллаҳ арабҳои Нишопурро тамоман кушта нест кард, худаш ва бародараш либосҳои сиёҳ пӯшида тарафдори Абумуслим ва аббосӣ шуданд (С. Айнӣ, Исьёни Муқаннаъ). Трактор ба миёни замин омад, селаи калони гунҷишқҳо парида ба ниҳолҳои пахта омада нишаст (А. Шукӯҳӣ, Нияти нағз).
б) Хабари ҷумлаи соддаи дуюм бо шаклҳои феълии замони ҳозира-оянда ифода мешавад, ки баъди қатъ гардидани амали ҷумлаи соддаи якум воқеъ мегардад:
Акнун дар ҷамоаи шумо Муродова раис шуд, вай корро ба роҳ мемонад (С. Улуғзода, Навобод).
в) Хабари ҳар ду ҷумлаи содда бо феъли замони ҳозира-оянда ифода мешавад:
Боз мо имшаб маслиҳат карда мебинем, ман аввали пагоҳ омада хабарашро ба шумо мегӯям (Ҷ. Икромӣ, Духтари оташ). Ман шуморо ба машина шинонда мефиристонам, машина шуморо то худи вокзал бурда мерасонад (С. Улуғзода, Навобод).
Муносибати қиёсию хилофӣ. Дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандаки қиёсию хилофӣ факту ҳодисаҳо, амалу процессҳо ба ҳам муқоиса карда мешаванд, нобаробарии онҳо ба тарзи муқоиса нишон дода мешавад. Воситаи асосии грамматикии алоқаи ҳиссаҳои таркибии ин гурӯҳи ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак интонация мебошад. Оҳанги пасти гуфтор дар охири ҷумлаи соддаи якум баланд мешавад ва пас аз фосилае ҷумлаи соддаи дуюм сар мешавад. Задаи мантиқӣ ба воҳиди муқоисашаванда меафтад:
Яке аз туркманзанҳо ҳам ҷавон, келинча барин ба назар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо