Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

а) Ба маънои замони ҳозираи давомдор: Аз замини намдор буғ мебарояд, аз осмони соф ва беғубор офтоб дунё-дунё нур пошида, гармӣ ва ҳарорат медиҳад (Ҷ. Икромӣ, Расми қаҳрамон). Дар Чорбоғ оромӣ ва сукут, танҳо қурбоққаҳо қур-қур мекунанд, аз наздик шилдир-шилдири оби ҷӯй ва аз дур ак-аки сагон ба гӯш мерасид (С. Улуғзода, Қисмати шоир). Аз ҳеҷ тараф овози ашулахонӣ шунида намешавад, як фақат ғар-ғари трактор аз он наздикҳо ба гӯш мерасаду халос (Ҷ. Икромӣ, Расми қаҳрамон). Ҳари сиёҳи ман бардам-бардам по монда меравад, аз қафои вай сарашро хам карда хари сафед қадам мезанад, вайро Азизхон як зайл «их-их» гуфта бо калтак зада меистад (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

б) Ба маънои умумизамонӣ: Дар он ҷо ҳама кор бо мошина карда мешавад, коргарон аз он мошинаҳо танҳо хабардорӣ мекунанд, ғӯзаро мошина медиҳад, кӯкула ва пунбадонаро мошина мекашонад, пахтаро мошина тоза мекунад, пахтаи тозашударо ба прессхона мошина мебарад, тойро мошина мебандад ва ҳоқазо (С. Айнӣ, Ғуломон). Ба шумо партия ва ҳукумат ёрӣ медиҳанд, халқ, аҳли колхоз шуморо ҳимоя мекунанд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Гулу сабзаҳои ҷавон ба чашмони нураш рафтаи ӯ нур мебахшанд, ҳарорати хуршед устухони сарди ӯро навозишкунон гарм мекунад, ҳавои хушк ва муаттар димоғи ӯро чоқ мегардонад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

в) Ба маънои замони оянда: Мо ба ҳисса тақсим мешавем, қисми аввал дар ҳамин ҷо, қисми дуюм дар берун меистад, қисми сеюм тамоми шаб аз посбонҳо хабар гирифта мегардад (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Анбори колхоз пур аз мол мешавад, дар ҳавлии колхозӣ тӯй болои тӯй мешавад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Ягон коре ёфт мешавад, бригадир мешавад, сардори звено мешавад (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Дар ифодаи яквақтии амал, ҳолат хабари ҷумлаҳои дохили ҷумлаи мураккаби пайвасти бепайвандак номӣ (бе феъли ёридиҳанда ва ё бо бандакҳои хабарӣ) ва ё ҷумлаҳои соддаи унвонӣ шуда метавонанд: Ҳаво чӣ тавр нағз, одамҳо чӣ тавр хурсанд, ҳар тараф гул, ҳар тараф чаман барин (Ҷ. Икроми, Шодӣ). Чеҳраи зебои ӯ дилкаш, сараш боифтихорона баланд бардошта шудагӣ, нигоҳаш осуда, бовиқорона (Ҷ. Икроми, Ман гунаҳгорам). Рӯи ҳавлӣ пур аз мардон, хонаҳо пур аз занон ва духтарон, бомҳо пур аз бачагон (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ҳама ҷо осуда, ҳама ҷо оромӣ (С. Айнӣ, Ғуломон).

Муносибати пайҳамзамонӣ. Ҳодисаю воқеаҳое, ки дар ҳиссаҳои таркибии ин гурӯҳи ҷумлаҳои мураккаб ифода меёбанд, паи ҳам, яке аз паси дигаре рӯй медиҳанд.

Чойҳои тоза омад, меҳмонон ба чой кашидан ва нӯшидан машғул шуданд (С. Айнӣ, Куллиёт).

Ба он ҳавлӣ даромада, аз хизматгор Арбобро пурсидам, ӯ маро ба меҳмонхона бурда даровард (С. Айнӣ, Марги судхӯр).

пешина
аз 312
навбатӣ