Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Меҳмонхона як хонаҷаи панҷболордор буд, дар пешғамаш як сандалӣ буд, дар ду кодоқаш ду мӯйсафед нишаста ғӯза мекашиданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Дар чойхонаҳо ва дӯконҳо шамъҳои калон месӯхт, дар майдонҳо ӯғурҳоро пури равған карда, дар вай латтакуҳна гузошта даргиронда буданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).
Хабари ҷумлаҳои соддаи дохили ҷумлаи мураккаби пайвасти бепайвандак ба шакли сифати феълии замони гузашта омада, натиҷаи амал, ҳолати дар айни як вақт бударо ифода мекунад. Чунин ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак одатан аз якчанд ҷумлаҳои содда иборат мешаванд:
Рангҳо парида, чашмҳо дарун рафта, биниҳо теғ кашида, дастҳо қафида ва хуншор шуда, пойҳо обила карда ва ҷароҳат пайдо карда ва либосҳо дарида... (С. Айнӣ, Одина). Фасли тирамоҳ буд, ҳамаи ҳосилоти заминҳо расида бошанд ҳам, деҳқонон ҷамъ карда нагирифта буданд; ғӯза ва пахтаҳо шукуфта, сарҳои ҷувориҳо ба палакҳои худ овезон истода, хӯшаҳои арзону кӯноқ ранги тиллоӣ гирифта, баргу буттаҳои сабзӣ, пиёз барин сабзавоти бехмева ба ранги зумуррадин тофта, чашми бинандаро ба тамошои худ ҷалб мекарданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак, ки хабари ҷумлаҳои соддаи онҳо бо феъли ёридиҳандаи ҳаст, нест ифода ёфтааст, дар замони ҳозира яквақтии амал, ҳодиса, ҳолатро ифода мекунанд:
Проект ҳаст, смета ҳаст, кор рафта истодааст. Охир Тӯрабек ҳаст, Тагоймуродбой ҳаст, Муллоҳақризо ҳаст... (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).
Имчунин хабари ҷумлаҳои соддаи дохили ҷумлаи мураккаби пайвасти бепайвандак ба воситаи исм, сифат, сифати феълӣ, шакли ҳозираи давомдори феъл, гоҳо шакли ҳозира-оянда (ба маъноси ҳозира-оянда), аористи феъли доштан омада, дар замони ҳозира яквақтии воқеъ гардидани амал, факт, ҳолатро ифода мекунад:
Кор бад не, ҷӯра, машина нағз кор карда истодааст (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Азобу ташвишаш кам, ҳамеша духтурҳо нигоҳ карда меистанд (Ф. Ниёзӣ, Духтари ҳамсоя). Ҳар дуяш дар як ҷо кор мекунанд, касбу корашон як, мақсад ва роҳи пешгирифтаашон як (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Модарам хату савод надорад, вай дар ҳавлии мо ягона каси боҳату савод аст (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Хабари ҷумлаҳои соддаи дохили ҷумлаи мураккаби пайвасти бепайвандак ба воситаи шакли ҳозира-ояндаи феъл омада бошад, мефаҳмонад, ки амал, ҳодиса ва ё ҳолатҳо: а) дар замони ҳозира воқеъ гардида, натиҷаи он давом дорад; б) умумизамонист (яъне ба се замон тааллуқ дорад); в) дар замони оянда воқеъ мегардад. Дар ин се хел ифодаи замонӣ низ маънои дар як вақт воқеъ гардидани амал, ҳодиса ва ҳолатҳо фаҳмида мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо