Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Дар ҷумлаи мураккаби пайвасти бепайвандак хабари ҷумлаҳои содда айни як феъл бошад, вай танҳо дар яке аз ҷумлаҳои содда ифода ёфта метавонад: Кампир ба рӯи мӯйсафед нигоҳ кард, мӯйсафед ба рӯи Шодӣ (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

Агар феъли ёридиҳандаи хабари ҷумлаҳои содда айни як феъл бошад, вай, одатан, такрор нашуда, танҳо дар таркиби хабари ҷумлаи соддаи охирин оварда мешавад:

Саҳро бесадо ва сокит, дунё ором ва хомӯш буд (С. Айнӣ, Ғуломон). Забонаш ширин, муомилааш мулоимона ва боадабона, рафтор ва кирдораш хушаклона буд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). Айёми зимистон, мавсими барфу борон, ҳавзҳо ва ҷӯйҳо яхбаста, шоҳҳои дарахтон афсурда ва шикаста, говон ва харон дар гӯшаи оғил ё кунҷаки собот фурӯ монда, гурбагон аз шиддати сармо чун мушҳои гурбадида бар гурбадави сандалӣ хазида буданд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Мӯйҳои маллаи нафисаш парешон, чашмони кабудаш хоболуд буданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Доманаи кӯҳҳои ҳар ду тарафи дара сабзу хуррам, нишебии кӯҳҳо арчазор буданд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

Хабарҳои ҷумлаҳои содда дар шакли феъли гузаштаи ҳикоягӣ омада бошанд, амал, ҳодиса ва ё ҳолатҳои дар як вақт воқеъ гардида ва давомдоштаро ифода мекунанд: Гунҷишкон чиқиррос мезаданд, куркурипаррокҳо кур-кур мекарданд, мусичагон ва фохтакон ку-ку мегуфтанд, зогон ва зоғчакон аз киштзори нав кишташуда барои худ дон мекофтанд, мӯрчагон хӯроквории бо оби борон таршудаи худро аз хонаҳошон бароварда шамол медоданд (С. Айнӣ, Ғуломон). Қорвонбошӣ дар зери шипанг сар хам карда хомӯш менишаст, акнун латифаҳо ва ширинкориҳои Акрамбой ҳам ба вай таъсир намекард (С. Айнӣ, Ғуломон). Дар гирдогирди ҷӯйчаҳои оби равон синаҳои сангро харошида нағмаи синаҳарош мебароварданд, дар болои сарш ситорагони дурахшон нур мепошиданд (С. Айнӣ, Дохунда). Дар беором пӯшида, кушода мешуд, илова ба ин аз берун овози гуфтугӯи одамон, аз дуртар «ҳа лой, ҳа ғишт!»-ғуиш гилкорон, садои тахтабуррӣ, чӯбтарошӣ ба гӯш мерасид (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид).

Типи ҷумлаи мураккаби пайвасти бепайвандак, ки хабари ҷумлаҳои соддаи он дар шакли феъли гузаштаи ҳикоягӣ омадааст, серистеъмол аст. Монанди ҳамин типи серистеъмоли дигар низ ҳаст, ки яке аз хабарҳои он амали давомнок (дар шакли феъли гузаштаи ҳикоягӣ), хабари дигар ҳолатро ифода мекунад, ки дар ин сурат ин хабар бештар номӣ буда, бо феъли ёридиҳандаи будан дар замони гузаштаи мутлақ меояд; вале аз он ҷо ки ҳолат одатан маънои бардавомӣ дорад, вай бо хабари дигари дар шакли феъли гузаштаи ҳикоя омадагӣ дар маънои бардавомӣ мувофиқат мекунад:

Қаландар ва Ҳамроҳгавбоз ҳаҳақатан одамони мард буданд, онҳо аз ҳеҷ чиз наметарсиданд (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб).

пешина
аз 312
навбатӣ