Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

ва гузаштагони мо дар банди ғуломӣ ва гуруснагӣ ҷон доданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Офтоб кайҳо ба пушти кӯҳ фурӯ рафт, торикӣ фуромад, хуфтан шуд... (С. Улуғзода, Навобод).

Хабарҳои ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби мазкур бо шаклҳои гуногуни феълии замони гузаштаи сиғаи хабарӣ ифода меёбанд:

Дар он ҷо устову мардикорон ҷой, нон хӯрда менишастанд, мо ҳам дар қатори онҳо нишастем (С. Айнӣ, Куллиёт). Устокалон маро ба бозор фиристода буд, ман аз заргарӣ ба ту як чиз харидам (Ч. Икромӣ, Духтари оташ). Дар байни ҳиссаҳои таркибии ҷумлаи мураккаби бепайвандак муносибати ҳамзамонӣ ва пайҳамзамонӣ дида мешавад.

Муносибати ҳамзамонӣ. Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти гурӯҳи мазкур аломатҳои фарқкунанда доранд.

  1. Тартиби ҷои ҳиссаҳои таркиби ҷумлаи мураккаб озод аст: Дарҳо шараққос мезаданд, дарахт ва ток ғуррос мезаданд, тирезаҳо ғиҷир-ғиҷир мекарданд, гоҳо дар бом касе давидагӣ барин мешуд (Ч. Икромӣ, Тахти вожгун). Ду нафари онон аз тарафе гӯсфандворе кашола карда меоварданд, ду-се нафарашон дар кунҷи дарахтзор заминро кофта оташдон месохтанд (С. Улуғзода, Восеъ).

II) Дар таркиби ҳиссаи якуми ҷумлаи мураккаб аъзои умумӣ меояд, ки ба ҳамаи ҷумлаҳои содда як хел мансуб аст: Дар осмон ҳоло ҳам абрҳо сайругашт мекарданд, аҳён-аҳён ситораҳо милтос мезаданд (М. Наҷмиддинов, Дарё маҷрои нав меҷӯяд). Дар пеши дари чойхона карнайчии солхӯрда карнай менавохт, нақорачии ҷавон нақора мезад, дар атрофи карнайчӣ ва нақорачӣ як тӯда ҷавонон, писарбача ва духтарбачагон ҷамъ шуда ҷаҳҳу мекарданд (С. Улуғзода, Навобод).

Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандакро, ки маънои умумии нақлкунӣ дошта, амал, ҳодиса ва ҳолатҳои дар як вақт воқеъшуда ва ё воқеъшавандаро нақл мекунанд, ба ду гурӯҳи калон ҷудо кардан мумкин аст: дар гурӯҳи якум хабарҳои ҷумлаҳои соддаи дохили ҷумлаи мураккаби пайваст аз ҷиҳати замон ва ифодаи намуд якхелаанд; дар гурӯҳи дуюм хабари ҷумлаҳои соддаи дохили ҷумлаи мураккаби пайваст аз ҷиҳати замон ва ифодаи намуд гуногунанд:

Ман ҳам то зону тар шуда будам, либосу маҳсиҳоям ях баста буданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр). Машшоқон боз машқҳо кардаанд, ҳофизон хондаанд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Сафар гап назада аз ҷо бархост, Маҳмудҷон ба сӯи даҳлез рафт (Ч. Икромӣ, Шодӣ). Рангӣ савор парид, дилаш дар тапиш даромад (С. Айнӣ, Ғуломон). Моҳ аз ним зиёдтари майдони осмонро сайр карда буд, хурӯсҳо аз ҳар тараф овози чеғи худро баланд карда буданд (Ч. Икромӣ, Шодӣ). Вай рӯи паҳни хашмолуде дошт, ришаш ягон-ягон, устухони рӯяш баромадагӣ ва шалғамвор сурх, нӯги биниаш ҳам шалғамвор сурх буд (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).

пешина
аз 312
навбатӣ