Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Мо аз ҳамдигар розӣ ҳастанд, раис аз парторг розӣ, парторг аз раис, колхозчиён — аз ҳар дуи онҳо (С. Улуғзода, Навобод).
Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандаки мазкур мувофиқи ифодаи хабари ҷумлаҳои соддаи таркибашон ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: номӣ ва феълӣ.
а) Хусусияти ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандаки номӣ ин аст, ки дар ҳиссаҳои таркибии онҳо сухан дар бораи аломат, ҳолат ва хусусияту хислати субъекти грамматикӣ меравад. Бинобар ин ҳам хабари воҳидҳои предикативии ҷумлаҳои мураккаби пайвасти типи мазкур бо ҳиссаҳои номии нутқ ифода меёбанд:
Мо аз падар чор нафар мондем: акам Муҳиддинхӯҷа ном дошта, аз ман ҳашт сол калон буд, ман ёздаҳ-дувоздаҳсола будам, додари калонам Сироҷиддин ном дошта, 9-сола буд, додари хурдиам Қиромиддин ном дошта, чорсола буд (С. Айнӣ, Куллиёт).
Буд фасли тирамоҳию расо дасти хазон,
Пир буданд арӯсони чаман хурду калон.
(М. Раҳимӣ)
Духтарони шаҳри мо зеботаранд,
Духтарони шаҳри мо раънотаранд.
Духтарони шаҳри мо дилҷӯтаранд,
Аз ниҳолу лола ҳам хушрӯтаранд.
(М. Фарҳат)
б) Дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандаки феълӣ моҳияти ахборро таъсиру ҳаракат ва амалу ҳолати субъектҳои грамматикӣ ташкил медиҳанд. Хабари ҳиссаҳои таркибии ин қабил ҷумлаҳои мураккаб феълӣ буда, муносибати замонии байни онҳо асоси тасвирро ташкил медиҳад. Хабари қисмҳои таркибии ҷумлаҳои мураккаби типи феълӣ бештар ба воситаи шаклҳои феълии замони гузаштаи давомдори сиғаи хабарӣ ифода мешаванд:
Хор шитиррос зада месӯхт, Қалмоқ-оим ҳам бо садои сӯзиши хор ҳамовоз шуда, дар ҳасби ҳоли худ сурудгӯй мекард (С. Айнӣ, Ғуломон). Ман танбӯр менавохтам, месурудам, занам ба ман ҳамовоз мешуд, падарарӯсам доира мезад, худам шеърҳо мегуфтам ва он шеърҳоро бо занам тарона мекардем (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун). Давлат чашм аз меҳмон намеканд, меҳмон ҳам ба Давлат ким-чӣ хел маънидор нигоҳкунон мулоим табассум мекард (Ф. Ниёзӣ, Ҳар беша...).
Хабари ҳиссаҳои таркибии ин гурӯҳи ҷумлаҳои мураккаб бо шаклҳои феълии намуди мутлақ ифода меёбанд:
Мо, коргарон, солҳои дароз дар зери зулми сарватдорон ва ҳукумати подшоҳӣ хун хурдем ва пӯсидем, миллионҳо ҳампешагон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо