Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

АдабиётТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

ба вуҷуд меорад. Мувофиқи ин ҳодиса дар яке аз ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаб яке аз аъзоёни зарурии онҳо ифода намеёбад (афтида мемонад):

Доно ба иморати сухан машғул аст, нодон — ба иморати бадан (Зарб). Дар як дам чун манзили лӯлиён гулханҳо фурӯзон буд, қумгонҳо ҷӯшон гардиданд (С. Улуғзода, Восеъ). Дар тарафи чапи майдон — растаи ошпазҳо, дар тарафи рост — бозори хару асп, дар тарафи шимолии майдон — каппон (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).

Дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак роли интонатсия хеле калон аст. Интонатсия ба нутқи даҳонӣ хос аст ва аз ин ҷо ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак бештар ба нутқи гуфтугӯ мансуб мебошад. Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак дар ҳамаи услубҳои забон, алалхусус, дар диалог ва жанрҳои фолклорӣ бештар истифода мешаванд:

Понздаҳ шаби моҳ — равшан, понздаҳ шаби моҳ — торик (Зарб). Об меояд, ҳаёт меояд (А. Шукӯҳӣ, Нияти нағз).

Муносибати маъною грамматикии байни ҳиссаҳои ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак монанди ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пайвандакдор равшан зоҳир намешавад. Бо вуҷуди ин дар байни ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак низ муносибатҳои маъною грамматикии шумур, замонӣ, сабабу натиҷа, эзоҳӣ, хилофӣ ва қиёсӣ ифода меёбад:

Муносибати шумур:

Дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак, ки байни онҳо муносибати шумур дида мешавад, ҳодисаю воқеаҳо, амалиёти субъектҳои грамматикӣ номбар карда шуда, дар бораи онҳо ба таври алоҳида хабар дода мешавад. Онҳо паси ҳам номбар мешаванд, бинобар он дар байни онҳо муносибати замонӣ низ шуда метавонад. Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандаки мазкур ба гурӯҳи ҷумлаҳои мураккаби кушода дохил мешаванд, онҳо ду ва ё зиёда ҷумлаҳои соддаро дар бар гирифта метавонанд:

Ин кас — янгаи ман Хайринисо, ин — духтарчаи ман, Зебӣ (С. Улуғзода, Навобод). Соат аз се гузашта буд, дар клуб духтарон дарси охиринро мехонданд, занҳои миёнсол кӯрпа лаганда мекарданд, дард медӯхтанд ва зеҳ мебофтанд (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун). Баҳор омад, давҷаҳо аз гул баромаданд, навдаҳои тутҳои балхӣ ғӯра бастанд, дарахтони хасактут барои хӯроки кирмакҳои пилла каллак шудан гирифтанд, ҷӯи Мазрангон бо лойби селҳои баҳорӣ пур аз сурхҳо шуда мешорид, деҳқонон ҷуфт мебастанд, замин меронданд, дандон мола мекарданд ва мекашиданд, фароштурукҳо лойҳои шиттарро ба шакли пунбадона лӯнда карда оварда дар шифтҳои хонаҳо дар паҳлӯи болорҳо бо камоли маҳорат ба тарзи нимкиштӣ барои худ хона месохтанд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Охир, колхоз планҳояро иҷро мекунад, ҳеҷ кас ҷанҷолу хархаша намекунад, ҳа-

16-617
241

пешина
аз 312
навбатӣ