Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
меҳнаткашони шаҳр ёрӣ калон мерасонад («Тоҷи-истони советӣ»).
- Муносибати ҷудоӣ, истисноӣ: Баъзе деворҳоро тири мил-тик «лесида» гузашта, ё ки тири тӯп сӯрох кардааст (Ҷ. Икро-мӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).
Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти ҳолӣ аз ҷиҳати таркиб ду хел: баста ва кушода мешаванд. Хели кушодаи он мансуби ҷум-лаҳое мебошад, ки муносибати замонӣ доранд:
Ҳоло вай пир шуда, қоматаш қадаре ҳам гашта, овозаш он оҳангдории худро гум карда, хаста шуда ва дар он оҳанги ҳуз-ну алам садо медиҳад (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухо-ро). Хонааш тороҷ шуда, дару деворҳояш ғалтида, боми ҷувоз-хона чӯкида, дарвозаи ҳавлиро кадом касе кӯчонда бурда буд (С. Улуғзода, Восеъ).
Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти ҳолии сабабу натиҷа, эзоҳӣ, хилофӣ ва қиёсӣ мансуби навъи баста мебошанд:
Шаб андак хунукӣ фуромада, замин ях баста буд (С. Улуғ-зода, Навобод). Се тарафи ин бино ҳам то лаби бом пур аз рег буда, танҳо тарафи ҷанубаш қадре кушодагӣ буд (С. Айнӣ, Ёд-доштҳо). Ишқ ғалаба карда, ғурур мағлуб шуд (А. Шукӯҳӣ, Нияти нағз).
ҶУМЛАИ МУРАККАБИ ПАЙВАСТИ БЕПАЙВАНДАК
Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак ба воситаи ин-тонация ва дигар воситаҳои лексикию грамматикӣ ташкил ме-ёбанд:
Тирамоҳ шуд, вақти сафари Дарвешобод расид (С. Айнӣ, Куллиёт). Мо халқ ҳастем, мо қувва ҳастем, ба мо партияи Ленин роҳбарӣ мекунад (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Дар ин колхоз ҳар хел машинаҳо бо қувваи электрикӣ кор мекунанд, осиёи электрикӣ дар як соат 400 кило ғалларо орд мекунад (С. Улуғзода, Навобод). Ана, инқилоб шуд, амир гурехт, ҳуку-мат нав шуд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Чанго-варон мактубро бо як овоз ва ифтихормандии калон қабул кар-данд, ба вай аз номи ҷанговарони ҳар як райони республика як намоянда имзо мегузошт (Ф. Ниёзӣ, Вафо).
Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти бепайвандак нисбат ба ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пайвандакдор рехтатар ва мӯъҷаз мебошанд. Аъзоҳои ҳиссаҳои таркибии онҳо, бештар хабарҳо, ба тарзи мувозӣ (параллель) меоянд, гоҳо такрор мешаванд:
Рӯз шуд, офтоб баромад, чоштгоҳ шуд, пешин расид, аз миригазаб дарак нест (С. Айнӣ, Куллиёт). Онҳо ба касе ҷафо накарда буданд, онҳо нони касеро аз даҳонаш кашида нагирифта буданд (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун). Партияро ҳурмат кардан даркор аст, шӯрои деҳаҳо ҳурмат кардан даркор аст (С. Айнӣ, Ғуломон).
Параллелизми структуравӣ ҳодисаи дигари хоси онҳо — эллипсисро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо