Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Абдушукури марҳум, Шарифҷон-махдум буда, мизбон — соҳиби хона Мулло Абдусалом ном домуллои кунҷакии акаам будааст (С. Айнӣ, Ёддоштҳо).

  1. Муносибати хилофӣ: Аммо ба босмачиён «ғозӣ» шудан муяссар нашуда, ҳама гурӯҳ-гурӯҳ «шаҳид» мешуданд (С. Айнӣ, Дохунда). Хӯҷаназар маро ва деҳқонони дигарро ба муқобили колхоз иғво карда истода, худаш аз ҳама пештар се хоҷагӣ шуда ба колхоз даромада гирифт (С. Айнӣ, Ғуломон). Лекин эълони сабуқиҳо дар қабулкунандагони ислом як эълони расмии ташвиқотӣ барои қабул кунонидани дини ислом буда, дар ҳақиқат, мардуми маҳаллӣ хоҳ дини исломро қабул кунанд, хоҳ не, дар шиканҷаи бисёр сахти миллӣ ва дар ғоратгарии доимии беҳаёона гирифтор карда шуданд (С. Айнӣ, Исьёни Муқаннаъ).

Муносибати хилофӣ ва муқобилгузорию номутобиқатии байни ҳиссаҳои ҷумлаи мураккаби пайвасти ҳолӣ хусусан вақте хеле равшан зоҳир мешавад, ки дар байни ҳодисаҳои таркибии онҳо пайвандакҳои хилофӣ омада бошанд:

Ӯ як одами пуропурбадани биринҷӣрӯй, сурхчамӯй ва мешчашм буда, аммо чашмаш на бо нури зако ва зиракӣ, балки бо оташи қаҳру ғазаб ҳамеша дурахшида меистоданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ин роҳ монанди роҳҳои зеризаминӣ болояш пӯшида набуда, балки сар то сари бомаш монанди дутаиҳои иморатҳои баланд кушода мебошад (С. Айнӣ, Дохунда). Бо кӯмаки духтарон ва партизанҳои гирду атроф қисме аз беморон наҷот ёфта, вале қисми дигарашон ҳангоми тирпаррониҳо нобуд шудаанд (И. Файзуллоев, Борони баҳорон).

  1. Муносибати эзоҳӣ. Истилоҳи эзоҳӣ маънии васеъ дошта, дар ин ҷо ба маънои шарҳ додан, муайян кардан, конкрет намудан, пурра кардан, тафсил додан, илова намудан омадааст: Бошандагони ин деҳа аз ҷиҳати ирқ ба номи тоҷикон, арабҳо, урганҷиён ва хоҷагон — асосан ба чор ҷамоа тақсим ёфта, хоҷагон ба номи миракониҳо, сайидатоиҳо, ғиждудониҳо ва соктарегиҳо — чор қабиларо ташкил медоданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ин зан духтари яке аз муҳоҷирони эронӣ буда, Ҷаҳонгир ӯро дар замони шоҳзодагии худ дар ҳарами падараш дида, ба ӯ муҳаббат пайдо карда буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳуҷраҳо якдара ва пешравоқ буда, ҳам одам, ҳам ҳаво ва ҳам зиё аз ҳамон як дар медаромад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ҳавлии ӯ иборат аз як роҳрави чоркунҷа буда, дар болои вай як болохонача бино ёфта буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Қисми зерини он миёнбаст монанди он таҳхона буда, дар он ҷо ҳезум, ангишт, хуми об, дегу оташдон, зарфҳои ошпазӣ ва ошхӯрӣ ва дигар қолаҳо меистоданд (С. Айнӣ, Куллиёт). Бюроми комитети уездии партия навакак кушода шуда, масъалаи якуми рӯзномаи вай ба сафи партия аъзоёни нав қабул кардан буд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Вақти холии одамон боигарии бебаҳои ҷамъиятӣ буда, мақсадноку бафарогат гузаронидани он барои иҷрои плану ӯҳдадориҳои
пешина
аз 312
навбатӣ