Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. Муносибати шумур: Мадрасаи Мири Араб асосан дуошёна буда, ҳуҷраҳои асосиаш хоҳ дар ошёнаи якум бошад ва хоҳ дар ошёнаи дуюм, пешравок доштанд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Ранги рӯи Содиқ парида, сар то пояш ба ларза даромад (С. Айнӣ, Ғуломон). Қади ин одамҳо паст ва танаашон ғафс буда, либосҳошон бо либосҳои аҳли дарбор монандӣ надошт (С. Айнӣ, Ғуломон). Ҳаво андак сард гашта, осмон абрнок ва манзараҳои шаҳр дилгиркунанда буданд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Синни ӯ тахминан 30-сола буда, қомати баланд, бадани ғафс, рӯи гандумгуни сафедчатоби калони пурра дошт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Айёми зимистон гузашта, баҳор омад (С. Турсун, Аз субҳ то шом).

  2. Муносибатҳои замонӣ:

а) муносибати ҳамзамонӣ: ... доирахабарҳо ҳам қариб баромада тамом шуда, ҳавлӣ аз одамони бегона холӣ шуда омада буд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Офтоб ба уфуқ хеле наздик шуда, насими салқини бегоҳӣ хеста буд (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо). Айёми тобистон буда, вақтҳои рӯиҳавлихобӣ буд (С. Айнӣ, Куллиёт);

б) муносибати пайҳамзамонӣ: Дари обхона кушода шуда, касе сари худро дарун кард (С. Айнӣ, Дохунда). Дар берун овози гап шунида шуда, баъд аз қадаре ба хона Дилбар ва Латофат даромада омаданд (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ).

  1. Муносибати сабабу натиҷа: Девори қалъа бар болои девораи табиии кӯҳ бино ёфта, як ҳисори баланди устувор ва душворгузаре пайдо шуд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Восеъ аз нолишҳои пурсӯзу гудози занак воқеаро фаҳмида, чеҳраи арақини офтобхӯрдааш хира гашт (С. Улуғзода, Восеъ). Маҷлис ба итмом расида, ҳама ба долон баромаданд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ӯ дар бачагиаш аз ҳар ғалтидан як пояш шикаста буд (Ю. Акобиров, Баъде ки осиё бозмонд). Дар дашту даман барфҳо об шуда, замин ба хоби зимистон рафта ҷон мегирифт (С. Турсун, Камони Рустам). Аз ду тирезаи роғкушода ҳавои тоза даромада, ҳавои хона мӯътадил гашта буд (Ю. Акобиров, Осмони соф). Имсол тобистон хушк омада, кишт ва боғи мо аз ташнагӣ ба ҷазир шудан расида будааст (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Хунам бисёр рафта, дармонам хушк шуд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Аҳли ҷамоа аз кори рӯзона монда шуда, ҳозир ҳамагӣ масти хоб буданд (А. Деҳотӣ, Қаромати охирин).

  2. Муносибати қиёсӣ: Як тарафи ин майдон ба пушти айвон пайваста, тарафи дигараш девори похсаи завод аст (С. Айнӣ, Куллиёт). Ҳоло як қисми заминҳо кор карда шуда, қисмашон ҳамин тавр сабзпӯш шуда хоб кардаанд (Ҷ. Икромӣ). Як қисми аскарони сурх ба қишлоқ зер карда даромада, қисми дигаре ба тарафи кӯҳ нигоҳ карда асп монд (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Бештарини аҳолии ин мадраса шофиркомиҳо, нуратонҳо буда, қисми дигараш аз шаҳри Бухоро ва атрофи он буданд (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Меҳмон писари қозикалон — домулло

пешина
аз 312
навбатӣ