Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

ТаҳсилотМаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷумлаҳои мураккаби мазкур ба туфайли хабари ҳиссаи якуми он ба амал меояд. Шакли ҳоли хабари ҳиссаи якум нотамомӣ ва бардавомии амалу воқеа ва фикрро низ далолат мекунад. Шакли ҳоли ҳиссаи якуми ҷумлаи мураккаб инчунин боиси ба амал омадани интонацияи махсуси баён мегардад. Қисми якуми ҷумлаи мураккаб бо оҳанги паст сар шуда, тадриҷан баланд мешавад. Дар охири ҷумла як фосилаи кӯтоҳи заданоке ба вуҷуд омада, воқеъ гардидани ҳиссаи дуюми ҷумлаи мураккаб огоҳ мекунад. Ҷумлаи соддаи дуюм бо оҳанги нисбатан паст оғоз ёфта, бо як маром давом мекунад ва дар охир паст шуда, қатъ мегардад:

Ҷои истиқомати Мулло Вафо дар Бухоро, дар мадрасаи Шодимбой буда, шоири ҷавони машҳур Шоҳин ҳам дар он ҷо истиқомат дошт (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Зимистон рафта, боронгарии аввали баҳор сар шуда буд (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).

Ҷумлаҳои мураккаби ҳолӣ асосан ба воситаи интонация, яъне бепайвандак ташаккул меёбанд. Аммо баъзан бо пайвандаки пайвасткунанда омадани онҳо ба назар мерасад:

Ба ҳар ҳол, умри ман ба поён расида ва рӯзи ман ба шумор мондааст (С. Айнӣ, Дохунда). Тирамоҳ ба охир расида ва зимистон наздик омада буд (С. Айнӣ, Ғуломон). Бо кӯмаки духтарон ва партизанҳои гирду атроф қисме аз беморон наҷот ёфта, вале қисми дигарашон ҳангоми тирпаррониҳо нобуд шудаанд (И. Файзуллоев, Борони баҳорон). Баъзе деворҳоро тири милтиқ «лесида» гузашта, ё ки тири тӯп сӯрох кардааст (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро).

Гоҳо дар таркиби ҳиссаи якуми ҷумлаи мураккаб ҳолҳои замон, махсусан, калимаи ҳанӯз омада, интонацияи онро қувват медиҳад ва воқеъ гардидани амали дигарро ногузир мегардонад. Хабари чунин ҷумлаҳо бештар дар шакли инкор воқеъ мегардад:

Карим ҳанӯз лаб накушода, дарди сахте авзои Ҳайдарқулро тағйир дод (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун). Ҳанӯз ман ба навиштани ин суханон шурӯъ накарда, зани амаки Сангинбойро аз таги дарвоза муаллима, зани амаки Эшмаҳмад ҷеғ зад (Р. Амонов, Навбаҳори чашмасор). Ҳанӯз даҳ-дувоздаҳ қадам нарафта, аёси хунук ба онҳо таъсир кард (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ҳанӯз як-ду километр роҳ тай накарда, водии зарнисори Ҳисор оғӯши худро мекушояд (А. Шукӯҳӣ, Нияти нағз).

МУНОСИБАТҲОИ МАЪНОӢ ДАР ҶУМЛАҲОИ
МУРАККАБИ ПАЙВАСТИ ҲОЛӢ

Дар байни ҳиссаҳои таркибии ҷумлаҳои мураккаби пайвасти ҳолӣ ҳамаи муносибатҳои маъноие, ки барои ҷумлаҳои мураккаби пайвасти муқаррарӣ характернок мебошанд, вуҷуд доранд.

пешина
аз 312
навбатӣ