Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Ин бероҳа маро ба мақсад мерасонида бошад, ё аз роҳи калон дур афтода, аз ягон тарафи дигар сар мебароварда бошам? (С. Айнӣ, Асарҳои мунтахаб). Ин кор қасдан карда шуда бо- шад, ё оби ҷӯй дамида ба тағи хиштҳо фуромадааст? (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Онҳо, мумкин аст, пеш-пеш гурехта раванд, ё ки аскарҳои сурх хабардор шуда биёранд (Ҷ. Икромӣ, Тахти вож- гун). Магар ин Мария аст, ё Ҳалим ба ман шӯхӣ мекунад? (Р. Ҷалил, Ҳикояҳо).
- Ҳодисаю воқеаҳое, ки дар қисмҳои ҷумлаи мураккаб ифо- да меёбанд, заминаи реалӣ дошта, воқеъ шудаанд ва ё воқеъ шуданашон имконпазир аст. Хабарҳои ҷумлаҳои соддаи таркиби ин гуна ҷумлаҳои мураккаб бо шаклҳои феълии замони гузаш- таи сиғаи хабарӣ ифода меёбанд:
Ба қафо баргашта асп тохтан ҳам мумкин набуд, ё ба тир мезаданд, ё асп давонда онҳоро дастгир мекарданд (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун). ...баъзе деворҳоро тири милтиқ «лесида» гузаш- та, ё ки тири тӯп сӯрох кардааст (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарво- заи Бухоро). Гӯшти хомро акаи Мадалӣ аз чарогоҳ меоварад, ё ин ки чӯпонҳо мефиристанд (М. Наҷмиддинов, Дарёи маҷрои нав меҷӯяд).
Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти ҷудоӣ аз ҷиҳати таркиб ба тарзи кушода дохил мешаванд ва дар таркиби онҳо аз ду зиёда ҳам ҷумлаҳои содда омада метавонанд:
Магар ба дарде талаф шуд, ё ки аз нотавонии ӯ фоида бурда гургонаш дарониданд, ё деве заҳматаш расонид ва ё дар камин- гоҳе ғанимаде будааст, ки аз ӯ интиқом кашид (С. Айнӣ, Одина).
ҶУМЛАИ МУРАККАБИ ПАЙВАСТИ ҲОЛӢ
Дар забони адабии тоҷик қолиби махсуси ҷумлаҳои мурак- каби пайваст мавҷуд аст, ки аз қолибҳои ҷумлаҳои мураккаби пайвасти муқаррарӣ фарқ мекунад. Хабари ҳиссаи якуми ин гу- рӯҳи ҷумлаҳои мураккаб бо шакли ғайритасрифии феъл (феъли ҳол бо-а) ифода шуда, хабари ҳиссаи дуюми онҳо дар шакли тасрифӣ меояд:
Забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои дунё буда, бо ин забон асарҳои оламшумули илмӣ ва адабӣ офарида шудаанд (Н. Маъсумӣ, Асарҳои мунтахаб). Рӯди Пирмаст аз шарқи ши- молӣ ба ғарби ҷанубӣ ҷорӣ шуда омада, дар қарибии гӯшаи шарқӣ-шимолии Ғиждувон оби он рӯд ба ду тақсим мешавад (С. Айнӣ, Ёддоштҳо). Биссёрии коргарони ин истгоҳи роҳи оҳан аз ҳамин қишлоқ буда, қисмашон дар депои Когон кор мекар- данд (Ҷ. Икромӣ, Дувоздаҳ дарвозаи Бухоро). Ҳаво мулоим шу- да, аз рӯи замин барф саросар барҳам хӯрд (Ҷ. Икромӣ, Зоғҳои бадмур).
Алоқаи грамматикӣ ва маъноии ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаҳои мураккаби ҳолӣ нисбат ба хелҳои дигари ҷумлаи му- раккаби пайваст зичтар ва барҷастатар мебошад. Ин хусусияти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ