Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
Не, ё ту маро меғалтонӣ, ё ман туро! — ҷавоб додааст падарам (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо).
Дар байни ду ҷумлаи саволӣ дар дохили ҷумлаи мураккаби пайваст пайвандаки ҷудой омада метавонад. Дар ин ҳол алоқаи ин ду ҷумла озодтар буда, дар байни онҳо ист нисбатан зиёдтар аст:
Дигар он ки чаро дӯсти ман маро барои ҳуҷра умедвор карда, ба пеши ин гадои бекасу кӯй фиристод, ё ин ки ӯ маро бозӣ додан мехост? (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
Офтобаш гарм, аз ҳозир баҳор омад магар,
Ё зимистон қаҳр карду рафт бар ҷои дигар.
(А. Деҳотӣ, Асарҳои мунтахаб)
Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти ҷудой хусусиятҳои гуногуни маъноию грамматикӣ доранд.
- Дар онҳо ҳодисаю воқеаҳо ба тарзе ифода меёбанд, ки ҳар яке онҳо барои инкор ё истиснои дигаре шарту шароит фароҳам меоварад:
а) барои боздоштани яке аз амалиётҳо ё содир нашудани яке аз факту ҳодисаҳо амру фармон, илтимосу илтиҷо карда мешавад, талаб ва ё ҳукми қатъӣ бароварда мешавад. Дар ин қабил ҷумлаҳо пайвандакҳои такрори ё... ё, ё... ё ки истифода гардида, хабарҳои ҷумлаҳои содда бо шаклҳои феълии сиғаҳои амрӣ, хабарӣ ва шартӣ-хоҳишмандӣ ифода меёбанд:
Ё бояд корро хобонем, ё асбоби нав диҳанд (С. Айнӣ, Одина). Ё дар ҳамин ҷо меистетон, ё ба ҷои дигар фиристода мешавад (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид). Ба хона ё шумо маро роҳ намедиҳед, ё ман шуморо! (Р. Ҷалил, Одамони ҷовид);
б) ҳодисаю воқеаҳо якдигарро комилан инкор накарда, яке дигареро аз шароиту вазъияти номусоид ва ё ғайриимкон берун мекунад. Ин гуна ҷумлаҳо бо шаклҳои феълии сиғаи хабарӣ ифода меёбад ва ҷумлаҳои содда тахмину гумонро ифода мекунанд:
Вай ё чӣ гуфта ҷавоб доданашро надонист, ё ки ёди Ҳамроҳҳони марҳума ӯро ба хаёл андохта буд (Ч. Икромӣ, Тахти вожгун). Магар шумо хешу табор надоштед, ё магар онҳо ҳам ба шумо ёрӣ надоданд? (С. Айнӣ, Куллиёт). Дар ин ҷо, ё ягон хатои рафиқ Ҳасан ҳаст, ё ин ки дар вақти кор ягон дасти бегона ба миён даромадааст (С. Айнӣ, Куллиёт).
- Ҳодисаю воқеаҳои ҷумлаҳои соддаи таркиби ҷумлаи мураккаб характери ғайриреалӣ, шартӣ доранд.
Характери ғайриреалии ҷумлаҳо ба сохту оҳанги онҳо низ вобаста буда, гурӯҳи калони онҳо бо оҳанги пурсиш, тахмину шубҳа ифода меёбанд, аксар вақт ҳиссачаҳои саволӣ, воҳидҳои модалӣ ва туфайли мегиранд, хабарҳои ҷумлаҳои содда бештар бо сиғаҳои амрӣ ва шартӣ-хоҳишмандӣ ифода меёбад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ