Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа
даҳ понздаҳ дараҷа ҳам мешавад, гоҳо барфи баланд ҳам меборад (Ю. Акобиров, Водии муҳаббат).
Аз воситаҳои лексикию грамматикии мазкур калимаҳои гоҳ (гоҳе, гоҳо, гаҳ, гаҳе) хеле серистеъмол буда, услуби китобист, калимаҳои баъзан, як вақт, як маҳал хусусияти адабӣ ва умумиистеъмолӣ дошта, калимаҳои дам, яке хоси забони гуфтугӯ мебошанд:
Дам он китоби шавқоварро ман мехондам, дам вай мехонд.
Яке вай пеш мегузашт, яке ман. Як дам ман борро мебардоштам, як дам вай мебардошт («Садои Шарқ»).
Хусусияти ҷумлаҳои мураккаби пайвасти ҷудоие, ки бо ёрии воситаҳои лексикию грамматикӣ ташкил меёбанд, дар ин аст, ки ҳодисаю воқеаҳои тасвиршаванда пайҳам содир мешаванд, онҳо якдигарро иваз мекунанд, ҳатто ба навбат такроран воқеъ гардида метавонанд, яъне заминаи реалӣ доранд; воқеъ гардидани амал ва ҳодисаю воқеаҳое, ки дар ҳар ду қисми ҷумлаи мураккаб ифода меёбанд, имконпазир аст. Ин маънӣ ва ин хусусияти ҷумлаҳои мураккаби пайваст маҳз бо ёрии воситаҳои лексикӣ ифода мешавад:
Гоҳ Ҷобир ҳарифро ба тагаш зер мекард, гоҳ Восеъ — ӯро (С. Улуғзода, Восеъ). Гоҳ монанди асал ширину хушбӯй аст он,— Гоҳ чин монанди мавҷи баҳр дар рӯяст он (М. Турсунзода).
Пайвандакҳои ҷудоӣ воситаи асосии ташаккули ҷумлаҳои мураккаби пайвасти ҷудоӣ мебошанд. Пайвандакҳои ҷудоӣ дар ҷумлаҳои мураккаб дар шакли ҳам танҳо ва ҳам такрор меоянд. Дар шакли танҳо омадани онҳо кам воқеъ мегардад, асосан ба тарзи такрор меоянд. Дар ҳолати такрор шудани худ ин пайвандакҳо муносибати ҷудоии байни ҳиссаҳои ҷумлаи мураккабро қувватнок мегардонанд. Бояд гуфт, ки ҳангоми такрор шуда омадани пайвандакҳои ҷудоӣ (ё, ё ки, ё ин ки) фақат ҷузъи аввалии онҳо (ё) такрор шуда меояд:
Ё мавсими сабри ман хазон шуд,
Ё нахли умед бар надорад.
(А. Лоҳутӣ)
Ё рӯзи таъинкардаи ман мақбул нест, ё ҷое, ки аз рӯи тақсимот расидааст (Ф. Муҳаммадиев, Палатаи кунҷакӣ). Китобҳои кӯҳна ҳастанд, лекин онҳо ё дастраси мо набуданд, ё ки мо ҳоло онҳоро хонда наметавонистем (С. Улуғзода, Субҳи ҷавонии мо). Ба сари ту ин балоҳоро магар ман овардам, ё ин ки Арбоб Рӯзӣ, ё ҷаноби ноиб, ё ҷаноби Қорӣ оварданд (С. Айнӣ, Марги судхӯр).
Дар ҷумлаҳои мураккаби пайваст бо пайвандаки такрории ё... ё хабари ҳар ду ҷумлаи содда як хел (айни як калима) бошад, одатан, дар ҷумлаи дуюм алоҳида зикр намешавад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ