Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Аз пеши назараш гоҳ қомати хамидаи муаллими кӯҳансол мегузашт, гоҳ рӯи ҳам ғамгину ҳам қаҳролуди модараш (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо).

Гоҳ додӣ ту ба дастам омоч,
Гоҳ додӣ ту ба ман говрона.

(Лоиқ)

Модарам, модари биҳиштиям!
Зиндагӣ гаҳ ба хеш мегиряд,
Бар замин осмони бепоя
Гаҳ ба ҳоли пареш мегиряд

(Лоиқ)

Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти ҷудой бо ёрии пайвандакҳо, ҳамчунин бо воситаҳои лексикӣ ташкил меёбанд. Пайвандакҳои ҷудой унсури зарурии сохти ҷумлаҳои мураккаби пайвасти ҷудой мебошанд:

Киҳо ба он ҷойҳо рафтаанд, ё ҷанобашон онҳоро ном ба ном медонанд (Р. Ҷалил, Шӯроб). Ман ба назди шумо равам, ё ки шумо ба назди ман биёеду як квартираро холӣ карда диҳам (Ҷ. Икромӣ, Шодӣ). То вақти ҳосилғундорӣ бояд аз ноҳия ягон дастуруламал ояд, ё ин ки худамон машварат карда бо қарори аксарият ягон кор мекунем (С. Айнӣ, Ғуломон).

Гар пиндорӣ, диламро ҷуз ту ёре ҳаст — нест,
Ё ғамамро ғайри меҳрат ғамгусоре ҳаст — нест.

(А. Лоҳутӣ)

Ба гурӯҳи воситаҳои лексикӣ калимаҳои гоҳ (гаҳ, гаҳе), баъзан, як вақт, дам (даме, як дам), якеро дохил кардан мумкин аст. Ин калимаҳо дар сурати ба таври ҷуфт, такрор омадан воситаи лексикиву грамматикии ташкилдиҳандаи ҷумлаҳои мураккаби пайвасти ҷудой шуда метавонанд. Онҳо ҳангоми такрор дар таркиби ҳам қисми якуми ҷумлаи мураккаб ва ҳам қисми дуюми он омада, қолиби муайяни синтаксисиро ташкил медиҳанд:

Гоҳ дар зери сари мо санг буд,
Гоҳ манзил Қасри Шоҳавранг буд.

(М. Турсунзода)

Дарахтон кайҳо баргҳошонро партофта шоху танаҳошонро гоҳ борон шуста мегузашт, гоҳ барф пахш мекард (П. Толис, Повесть ва ҳикояҳо). Баъзан падараш меомад, баъзан мо ба назди ӯ мерафтем («Садои Шарқ»). Баъзан хунукиҳои сахти

пешина
аз 312
навбатӣ