Зеҳн
Забони адабии ҳозираи тоҷик. Синтаксис

Китоби дарсии мазкур барои факултетҳои филологияи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Он ба омӯзиши синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 5 октябри 2026 · 312 саҳифа

МаорифАдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Муқоиса ё муносибати қиёсӣ маънои васеъ дорад ва мазмунҳои қиёс, монандкунӣ, номутобиқатӣ, нобаробарӣ қиёси хилофӣ ва монанди инҳоро дарбар мегирад. Дар ин гуна ҷумлаҳои мураккаб пайвандакҳои аммо, лекин, вале, бошад, ҳол он ки ва таркиби лексикии ифодакунандаи муносибатҳои хилофӣ-қиёсӣ истифода мешаванд:

Дар даври амир ҷадидҳо дигар хел рафтор мекарданд, лекин мо бояд дигар хел рафтор кунем (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун). Дар натиҷаи вайронкориҳои босмачиёнӣ тороҷгар киштукори мамлакатамон аз сад шаст монда буд, чорводорӣ бошад, ним кам шуда буд (С. Айнӣ, Куллиёт). Саҳву хато дар ҳаққи як кас мешавад, ду кас мешавад ва ҳол он ки «саҳв» дар ҳаққи ҳамаи деҳқонон рафтааст (С. Айнӣ, Ғуломон).

в) Хилофи эзоҳӣ. Дар ҷумлаҳои мураккаби пайвасти хилофие, ки муносибати эзоҳӣ доранд, ҳиссаи дуюм ҳиссаи якумро як навъ шарҳу эзоҳ медиҳад:

Ин идора аз мардуми Бухоро игвогаронро ёфта барои худ агент кардан гирифта, ҳар рӯз чанд ҳавлиро кофтуков мекард ва чанд касро ба амир гуфта ҳабс мекунонд, аммо ҳамаи ин кофтуков ва ҳабсҳо ба роҳи провокасионӣ мешуд (С. Айнӣ, Куллиёт). Махсуми ланҷ ҳоло зиндааст ва то тарошидани як риш магасвор ғинг-ғингкунон як китоб гап мезанад, лекин гапаш заррае намак надорад (А. Деҳотӣ, Куллиёт). Дар сари дастархон аммааш ба Шодигул нигоҳҳои маънидори табассумомез мекард, вале дар нигоҳи вай осори нохушнудӣ ё маломате дида намешуд (С. Улуғзода, Навобод).

Ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пайвандакдори ҷудой. Хусусияти асосии ҷумлаҳои мураккаби пайвасти пайвандакдори ҷудой дар ин аст, ки аз факту ҳодисаҳо ва воқеаҳои ифодаёфта ба амал омадани яке имконпазир аст, яъне аз фикрҳои ҷудогонае, ки бо ҷумлаҳои соддаи таркиби онҳо ифода меёбанд, фақат яке содир шуда, дигаре воқеъ намегардад ё ки онҳо паси ҳам воқеъ гардида, ҳамдигарро иваз мекунанд.

Мафҳуми «ҷудоӣ» ин ҷо ба маънои тафовути куллӣ ё ҷудоии мутлақ наомада, муносибати алтернативии байни факту ҳодисаҳоро нишон медиҳад, яъне ҳар як ҳодисае, ки имконияти реалӣ ё гумонии воқеият дорад, дар сурати истисно ё тамоман инкор намудани ҳодисаи дигари ҳамшафати он бояд ба вуҷуд ояд. Чунончи, дар мисолҳои зерин дар як вазъият имконнопазирии воқеъ гардидани ҳодисаҳо баён ёфта, фақат дар шароити ба амал наомадани яке имконияти ба вуқӯъ пайвастани дигаре ба миён меояд:

Ин ҳол боз як ду рӯзи дигар давом хоҳад кард, дар ин миён ё ман дар таги қин хоҳам мурд, ё аз гап гирифтан ноумед шуда маро хоҳанд кушт (С. Айнӣ, Куллиёт). Ё дар идора касе набуд, ё телефон вайрон буд (Ҷ. Икромӣ, Тахти вожгун).

Дар мисолҳои зерин ҳодисаю воқеаҳо имконияти якбора дар як вақт рӯй додан надоранд, онҳо ҳамдигарро иваз мекунанд:

пешина
аз 312
навбатӣ